“Хуҷанд” ғалабаи дуюми худро ба даст даровард – Федерация Футбола Таджикистана

“Хуҷанд” ғалабаи дуюми худро ба даст даровард

Витсе-чемпиони феълии Тоҷикистон дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ғалабаи дуюми паиҳами худро ба даст овард.

Имрӯз, 16 апрел, бозиҳои даври навбатии чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин давр “Хуҷанд” дар сафар бар  КМВА “Помир” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳамлагари “Хуҷанд” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров ба самар расонд. Ин ғлабаи дуюми пайдарҳами дастаи соҳили Сирдарё дар чемпионати имсола мебошад.

“Ҳосилот”-и Фархор низ дар ин давр ба ғалаба муваффақ шуд. Дастаи ноҳияи Фархор дар меҳмонӣ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард. Голҳои “Ҳосилот”-ро бозигарони собиқи “Равшан” – Абдурасул Раҳмонов ва легионери ганагӣ Мусо Содиқ ба ҳадаф расонданд.

Барномаи даври дуюми чемпионат рӯзи якшанбеи 17 апрел ҷамъбаст мешавад. Дар ин рӯз чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт “Барқчӣ”-и Душанберо қабул мекунад. “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳия бо “Регар-ТадАз”-и Турсунзода ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи “Пахтакор” дастаи  “Хайр”-и Ваҳдатро қабул мекунад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Равшан» – «Ҳосилот» – 0:2

Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 6 (0:1). Мусо Содиқ, 20 (0:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Абубакр Азимов, Фаридун Рустамов, Саидхони Амрохон, Музаффар Назаров (Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 78), Сайдамири Сайдаҳмад, Зокир Абдулхайров, Хуршед Каримов, Ширин Наимов (Фаридун Қосимов, 79), Далер Чолов, Тоҳири Баҳром (Аваз Қамчинов, 46).

«Ҳосилот» (Фархор): Маъруф Нуралиев, Далерҷон Тухтасунов, Мусо Содиқ, Наврӯз Рустамов (Ҷамшед Умаров, 85), Иброҳим Рабимов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Орзу Додхудоев, Ҳикматулло Расулов, Абдурасул Раҳмонов (Хайрулло Азизов, 68), Соломон Течи (Далер Шомуродов, 32).

Огоҳонида шудандАбубакр Азимов, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Орзу Додхудоев, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣҲасан Рустамов («Ҳосилот»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 7,7 хол.

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

16 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи Марказӣ. 10 000 тамошобинон.

 

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 44.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Акмал Сабуров (Комрони Мирзохон, 68), Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Фаррух Фузайлов, Фирӯз Раҳматов (Рустам Толибов, 71), Комрони Мирзонаҷот, Парвиз Кашкаров, Шамсиддин Қосимов, Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фарҳод Юлдашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шероз Сангинов, Дилшод Каримов, Ҳоҷибой Зиёев, Илҳом Баротов, Фирӯз Юсупов (Саидҷон Шарипов, 60), Руслан Раҳматов (Анвархон Темирхонов, 81), Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Абдумалик Шодиев, 70).

Огоҳонида шуданд: Шодибек Ғаффоров, Парвиз Кашкаров (КМВА «Помир»), Манучеҳр Ахмедов, Илҳом Баротов, Фирӯз Юсупов, Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фарҳод Юлдошев («Хуҷанд»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

16 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2000 тамошобинон.

 

17 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Нозири бозӣВладимир Домлоҷонов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Вахш» – «Хайр»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

 

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»

СардоварСайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Аюб Солиев (Канибодом).

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 2 0 0 3-1 6
2 «Ҳосилот» (Фархор) 2 1 1 0 4-2 4
3 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 4-0 3
4 «Хайр» (Ваҳдат) 1 1 0 0 4-0 3
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 1 0 0 2-1 3
6 «Барқчӣ» (Душанбе) 1 0 1 0 2-2 1
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 0 1 1-2 0
8 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 0 2 1-3 0
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1 0 0 1 0-4 0
10 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 0 2 0-6 0

НишонзанҳоАгблей Джонес («Хайр») – 3 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 2 гол.

Добавить комментарий