Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дархости расмии дастаҳои футболи «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшанро ба инобат гирифта, тартиби баргузории даврҳои бозиҳои хонагии ин дастаҳоро бо ҳамдигарӣ иваз намуд. Қарор шуд, ки бозии даври сеюми тақвимӣ дар шаҳри Истаравшан ва бозии даври 16-ум дар шаҳри Ваҳдат доир гардонида шаванд.
Мутобиқи тақвими бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври сеюми қисми аввали чемпионат миёни «Хайр» – «Далерон-Уротеппа» бояд дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд. Аммо бо сабаби барои гузаронидани бозиҳои чемпионати Тоҷикистон омода набудани майдони варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, дастаҳо ба мувофиқа расиданд, ки бозии қисми аввали чемпионат дар шаҳри Истаравшан ва бозии қисми дуюми он дар Ваҳдат доир карда шаванд. Ва бо дархости расмӣ ҳар ду даста ба ФФТ муроҷиат намуданд. Ин дархости дастаҳо аз ҷониби ФФТ мусбат баррасӣ шуд. Ҳамин тариқ, бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан ва бозии қисми дуюми чемпионат рӯзи 1-уми ноябр дар шаҳри Ваҳдат доир хоҳанд гашт.
Ёдовар месозем, ки бо сабаби омода набудани майдони варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, дастаи «Хайр» бозии даври аввали чемпионатро бо КМВА «Помир» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе гузаронид.