Голи якуми Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» дар бозии санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Голи якуми Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» дар бозии санҷишӣ

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати дастаи нави худ ба задании голи аввалин муваффақ шуд.

Дар бозии санҷишӣ клуби футболи «Локомотиив»-и Булғория, ки футболбози тоҷик дар ҳайати он баромад мекунад, бар клуби «Ал-Файсалӣ» аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд. Парвизҷон Умарбоев дар ин бозӣ давоми 90 дақиқаи пурра бозӣ карда, дар дақиқаи 70-ум голи аввалини худро дар ҳайати дастаи наваш ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки Парвизҷон Умарбоев ба «Локомотив»-и Булғория аз «Истиқлол»-и Душанбе гузашт. Умарбоев дар ҳайати «Истиқлол» якуним мавсим баромад дошт.

Добавить комментарий