Голи ягонаи Ҷонона ба дастаи Тоҷикистон ғалаба овард – Федерация Футбола Таджикистана

Голи ягонаи Ҷонона ба дастаи Тоҷикистон ғалаба овард

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин вохӯрӣ дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, бар дастаи мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ҷонона Ҳалимова дар дақиқаи 87-ум дарвозабони дастаи мунтахаби Ироқ Халат Асаад Мустафоро маҷбур кард, ки тӯбро аз дохили дарвозааш гирад.

Дар бозиҳои рӯзи аввали гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Урдун бо натиҷаи калони 6:0 дастаи Баҳрайнро шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мизбонони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018-дастаи мунтахаби Урдун Майса Ҷбараҳ ба дарвозаи Баҳрайн се гол зада, аввалин ҳет-трикро ба номи худ сабт кард. Голи нахустини мусобиқа аз ҷониби Шаҳноз Ҷабрин дар дақиқаи 9-ум вориди дарвозаи дастаи мунтахаби Баҳрайн гардид.

Дар бозии сеюми рӯз дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳам қувва озмуданд. Малакаю маҳорати футболбозони Филиппин аз бозингарони Амороти Мутаҳидаи Араб беҳтар буд ва онҳо бо натиҷаи 4:0 ғалаба карданд.

Ба ҳамин тартиб, се даста Урдун, Филиппин ва Тоҷикистон соҳиби се имтиёзӣ гардиданд ва мубориза барои як роҳхат ба бозиҳои финалӣ дар даврҳои минбаъда тезутунд мегардад.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018. Гурӯҳи «А»

Ироқ – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷонона Ҳалимова, 87.

Тоҷикистон: Сахина Саидова, Насиба Олимова, Афрӯз Шарифова (Шукронаи Ҷумъахон,83), Ҷонона Ҳалимова (Лайло Ҳалимова, 89), Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Наталя Сотникова, Мадинаи Искандарӣ, Нодира Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Мавҷуда Сафарова,89).

Огоҳӣ: Бунайи Усмон Шариф (Ироқ), Наталя Сотникова, Муниса Мирзоева (Тоҷикистон)

Довари майдон: Панса Чайсанит (Таиланд).

 

Баҳрайн – Урдун – 6:0

Голҳо: Шаҳноз Ҷебрин, 9. Майса Ҷбараҳ, 22, 30, 43, Стефани ал-Набир 86, Луна ал-Масрӣ, 90.

 

Филиппин – Амороти Муттаҳидаи Араб – 4:0

Голҳо: Ива Мадаранг, 14, 45+1, Ириш Наваҷа, 49, Сара Изабел Кастанеда, 54.

 

Даври 2

5 апрел (чоршанбе)

13:00 – Филиппин Ироқ

16:00 – Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Урдун – Амороти Мутаҳидаи Араб

Даври 3

7 апрел (ҷумъа)

13:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – Баҳрайн

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Филиппин

19:00 – Урдун – Ироқ

Даври 4

10 апрел (душанбе)

13:00 – Ироқ – Амороти Мутаҳидаи Араб

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун

19:00 – Филиппин – Баҳрайн

Даври 5

12 апрел (чоршанбе)

13:00 – Урдун – Филиппин

16:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Баҳрайн – Ироқ

Добавить комментарий