Голи Ромиш Ҷалилов Ҷоми имсолаи Федератсияро ба Турсунзода бурд – Федерация Футбола Таджикистана

Голи Ромиш Ҷалилов Ҷоми имсолаи Федератсияро ба Турсунзода бурд

Чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бори дуюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури ду ҳазор тамошобинон доир гардид, “Регар-ТадАЗ” бо таносуби як гол ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионати соли гузаштаи мамлакат – “Хуҷанд”-и Хуҷандро мағлуб сохт. Қаҳрамони бозии ниҳоӣ бозигари нави дастаи шаҳри металургчиёни тоҷик, узви мунтахаби ҷавонони кишвар Ромиш Ҷалилов шуд. Голи ягона ва ғолибияти задаи Ромиш, дар дақиқаи 25-уми қисми аввали вохӯрӣ, Ҷоми имсолаи Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба Турсунзода бурд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм миёни “Вахш”-Қӯрғонтппа ва КМВА “Помир”-и Душанбе низ мухлисон шоҳиди задани ҳамагӣ як гол шуданд. Голи “биринҷӣ”-ро Холмурод Назаров аз дастаи “Вахш”, дар дақиқаи 73-юми бозӣ вориди дарвозаи мудофиачиён намуд.

Баъд аз анҷоми бозии ниҳоӣ маросими ботантанаи пӯшидашавӣ ва қадрдонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа баргузор шуд, ки дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи мамлакат Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва ба сифати меҳмони ифтихорӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар иштирок намуда, Ҷому медалҳоро ба дастаҳои соҳибҷоиза тақдим сохтанд.

Аҳтам Абдулозода Ҷоми гузарандаи Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба капитани “Регар-ТадАз” Алишер Додов супорид. Муаллифи голи ягонаи бозии финалӣ ҳамлагари “Регар-ТадАз” ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ромиш Ҷалилов бо тӯҳфаи махсуси таъсиснамудаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Тӯҳфаро ба Ромиш Дилшод Ҷӯраев супорид. Беҳтарин ҳамлагарони имсолаи Ҷоми ФФТ якбора ду нафар – ҳамлагари “Вахш” ва тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов ва форварди “Хуҷанд” Дилшод Бозоров дониста шуданд. Аҳтам ва Дилшод дар сабқати имсолаи Ҷом ба задани 5 голӣ муваффақ гардиданд.
Ҷоми ФФТ-2016

Бозӣ барои ҷои сеюм

КМВА «Помир» – «Вахш» – 0:1

Гол: Холмурод Назаров, 73.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Сефах Жаке Нана (Маҳмадалӣ Содиқов, 46), Фирдавс Чақалов, Павел Калугин (Фурӯғ Қодиров, 46), Рустам Толибов (Фирӯз Раҳматов, 76), Комрони Мирзонаҷот (Андох Наполеон, 86), Шамсиддин Қосимов, Парвиз Кашкаров (Зоир Ҷӯрабоев, 86), Давронҷон Тухтасунов, Шодибек Ғаффоров.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Алексей Негматов (Мухтор Ортиқов, 31), Фирӯз Ризомов, Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоков, Умедҷон Шарипов, Ҷамолиддин Зардиев (Умарҷон Шарипов, 88), Эҳсон Бобоев, Аҳтам Ҳамроқулов, Нумонҷон Ҳакимов (Собирҷон Холматов, 53).

Огоҳонида шуданд: Улуғбек Абдулхайров, Алексей Негматов, Фирӯз Ризомов, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Сефах Жаке Нана, Парвиз Кашкаров (КМВА «Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Бобоев («Вахш»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 8 баллов.

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобинон.

 

Финал

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Ромиш Ҷалилов, 25.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Фарҳод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Ҳикматулло Расулов (Фаррух Чориев, 70), Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Акуффо Гершон, Меҳроҷиддин Музаффаров (Азиз Бегов, 60), Комрон Турсунов (Азим Тошев, 80).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фаррух Бердиев, Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Шероз Абдуллоев, Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов, Саидҷон Шарипов, Сафаралӣ Каримов, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муминов, 82), Марифҷон Марифбоев.

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Каримов, Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»), Ромиш Ҷалилов, Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Садовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8,4 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобинон.

Добавить комментарий