Гимни Тоҷикистонро овозхони опера иҷро мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гимни Тоҷикистонро овозхони опера иҷро мекунад

Пеш аз оғози бозии ифтитоҳии марҳили дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни Тоҷикистону Урдун, дар варзишгоҳ гимни Тоҷикистонро овозхонони театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба таври зинда иҷро хоҳанд кард.

Ин пешниҳоди Федератсияи футболи мамлакат, имрӯз аз ҷониби ФИФА ва КФО пазируфта шуд.

Қаблан, ягон маротиба суруди миллии Тоҷикистон пеш аз бозиҳои тими миллӣ ба ин тартиб сароида нашуда аст. Ҳамеша дар варзишгоҳ мусиқии гимн шунавонида мешуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки иштироки шумораи зиёди мухлисон дар бозии даври ифтитоҳии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни Тоҷикистону Урдун дар назар дошта шудаст. Бозӣ рӯзи 11 июн соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисон барои дастгирии ҳамешагияшон сипосгузории самимонаи худро баён мекунад. Рӯзи панҷшанбе бозии нахустини тими миллии мо дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 баргузор мешавад. Ҳамаи мухлисонеро, ки нисбати футболи кишвар бетаваҷҷӯҳ нестанд, рӯзи 11 июн, соати 20.00 ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ба ДАСТГИРИИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН даъват мекунем. Тими миллӣ бошад, дар навбати худ кӯшиш мекунад, ки бо бозии хуб ва натиҷаи дилхоҳ табъи ҳаводрони худро болида гардонад. Биёед ва мунтахаби миллии кишварро дастгирӣ кунед! МО ДАР ЯКҶОЯГӢ ҒОЛИБ МЕШАВЕМ!!! ИТТИҲОД РАМЗИ ПИРӮЗӢ АСТ!!!

Добавить комментарий