Футзалистони тоҷик марҳилаи интихобиро аз бозӣ бо Афғонистон оғоз мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзалистони тоҷик марҳилаи интихобиро аз бозӣ бо Афғонистон оғоз мекунанд

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии футзали чемпионати Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ интишор шуд. Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо мунтахабҳои миллии футзали Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон рақобат мекунад. Марҳилаи интихобии ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” аз 14 то 16 ноябр дар маҷмааи варзишии болопӯшидаи “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад.

Бозии ифтитоҳии худро дар доираи ин мусобиқа футзалистони мо рӯзи 14 ноябр бо мунтахаби миллии футзали Афғонистон мегузаронанд. Рӯзи 15 ноябр бошад дружинаи Ҳусейн Шодиев бо футзалистони туркман вориди рақобат мешавад. Бозии ҷамъбастии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр бо мунтахаби миллии футзали Қирғизистон доир мегардад. Ҳар се бозӣ бо иштироки мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон соати 14.00 оғоз мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар Тошканди Узбекистон баргузор мегардад, ду дастаи зинаҳои пешсафи гурӯҳ роҳхат мегиранд.

 

Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал. Марҳилаи интихобӣ. Минтақаи Осиёи марказӣ. Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

14 ноябр (шанбе)

11:00 – Қирғизистон – Туркманистон

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 2-юм

15 ноябр (якшанбе)

11:00 – Қирғизистон – Афғонистон

14:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

16 ноябр (душанбе)

11:00 – Афғонистон – Туркманистон

14:00 – ТОҶКИСТОН – Қирғизистон

Добавить комментарий