Футзали Тоҷикистон: то анҷоми мусобиқа ду даври дигар монд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: то анҷоми мусобиқа ду даври дигар монд

То анҷоми мавсими дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ҳамагӣ ду даври дигар боқӣ монд. Бо вуҷуди муайян будани чемпион («ДИСИ Инвест» пеш аз мӯҳлат ин унвонро соҳиб шуд) мубориза барои зинаи дуюм идома дорад. Барои медалҳои нуқраи мусобиқа ду дастаи футзали пойтахт – «Соро компания» ва «Газпром» талош доранд, аммо имконияти аввалӣ бештар аст. Футзалистони «Соро компания»-ро  барои соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ғалаба ва ҳатто мусовӣ ҳам дар бозӣ бо аутсайдери мусобиқа «Самандар»-и Турсунзода басанда аст. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 25 октябр доир мешавад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Соро компания» — «ДИСИ Инвест» — 3:10

Голҳо: Арсен Фармонбеков, 3 (0:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 5 (0:2). Шерзод Ҷумаев, 13 (0:3). Алиҷон Ҳабибуллоев, 15 (1:3). Арсен Фармонбеков, 16 (1:4). Арсен Фармонбеков, 17 (1:5). Ораз Ализода, 19 (1:6). Собирҷон Гуляков, 22 (1:7). Собирҷон Гуляков, 25 (1:8). Арсен Фармонбеков, 37 (1:9). Шавкат Ҳалимов, 39 (1:10). Фирӯз Сангов, 49 (2:10). Фирӯз Сангов, 50 (3:10).

 

«Самандар» — ТКБ «Лизинг» — 0:5 (натиҷаи техникӣ)

 

ТКБ «Лизинг» — «Формула-55» — 3:4

Голҳо: Ҷамшед Махсумов, 4 (1:0). Фаррух Худойназаров, 5 (1:1). Фаррух Худойназаров, 6 (1:2). Ҷавлон Назаров, 26 (2:2). Акбар Муҳаммадов, 27 (2:3). Дидор Қадамшоев, 34 (3:3). Фаррух Худойназаров, 49 (3:4).

 

«ДИСИ Инвест» — «Самандар» — 2:0

Голҳо: Арсен Фармонбеков, 30 (1:0). Ораз Ализода, 48 (2:0).

    Б Ғ М Б Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 23 23 0 0 159-39 69
2 «Соро компания» (Душанбе) 22 13 3 6 92-78 42
3 «Газпром» (Душанбе) 22 10 7 5 70-66 37
4 «Сипар» (Хуҷанд) 22 8 5 9 73-76 29
5 «Формула успеха» (Душанбе) 21 5 3 13 48-83 18
6 ТКБ «Лизинг» (Душанбе) 22 4 6 12 58-92 18
7 «Самандар» (Турсунзода) 22 1 2 19 49-115 5

Нишонзанҳо: Фирӯз САНГОВ («Соро компания») – 32 гол, Арсен ФАРМОНБЕКОВ («ДИСИ Инвест») – 22 гол, Ораз Ализода («ДИСИ Инвест») – 20 гол, Сиёвуш Қаюмов («Соро компания») – 19 гол, Собирҷон Гуляков («ДИСИ Инвест»), Фирдавс ТУСМАТОВ («Самандар») – 18 голӣ.

 

Бозиҳои навбатӣ:

25 октябр (якшанбе)

12:00 – «Соро компания» — «Самандар»

13:00 – «Формула-55» — «ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий