Футзали Тоҷикистон: рақобатҳо аз нав шиддат мегиранд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: рақобатҳо аз нав шиддат мегиранд

Баъди танаффуси дуҳафтаинаи алоқаманд ба баргузории ҷамъомади омӯзишию машқии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Дубай ва Ал-Кувайт, ин ҳафта бозиҳои Лигаи касбии футзали мамлакат аз нав доир шуданд.

Дар доираи даври нуҳӯми навбатӣ се бозӣ баргузор шуд. Бозии байни футзалистони “Формула успеха” ва “Газпром” мусовӣ 4 бар 4 анҷом шуд. Букмекерҳо бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба карда истода натавонистанд, ки ба муваффақият бирасанд ва дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ ғалабаро аз даст доданд.

“Соро компания”, ки дар зинаҳои нуқрагии ҷадвали мусобиқа қарор дорад, дар ин давр дар майдони худ ТКБ “Лизинг”-ро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 шикаст дод.

“Самандар”-и Турсунзода бошад дар майдони худ аз “Бонки миллӣ” бо ҳисоби 3 бар 5 мағлуб шуд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи шанбеи 23 август доир мегарданд. Дар даври даҳум дастаҳо ба ин тартиб вомехӯранд: “Сипар” – “Самандар”, “Газпром” – “Соро компания”, “Бонки миллӣ” – “Формула успеха” ва ТКБ “Лизинг” – “ДИСИ Инвест”.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 9-ум

«Формула успеха» – «Газпром» – 4:4

Голҳо: Комрон Ҳусейнов, 24 (1:0). Фаррух Худойназаров, 26 (2:0). Фаррух Худойназаров, 30 (3:0). Улуғбек Шокиров, 31 (4:0). Маҳмадалӣ Намозов, 38 (4:1). Дилшод Расулов, 46 (4:2). Меҳрубон Тиллозода, 47 (4:3). Дилшод Саломов, 49 (4:4).

 

«Соро компания» – ТКБ «Лизинг» – 3:0

Голҳо: Сиёвуш Қаюмов, 28 (1:0). Фирӯз Сангов, 35 (2:0). Алиҷон Ҳабибуллоев, 42 (3:0).

 

«Самандар» – «Бонки миллӣ» – 3:5

Аз майдон хориҷ шуд: Холмумин Ҳамроев («Самандар»), 40.

 

  Б Ғ М Б Т\т И
1 «ДИСИ Инвест» 9 9 0 0 54-12 27
2 «Соро компания» 11 8 1 2 52-43 25
3 «Сипар» 13 5 2 6 42-37 17
4 «Газпром» 9 4 2 3 30-29 14
5 ТКБ «Лизинг» 9 1 4 4 18-31 7
6 «Бонки миллӣ» 5 2 0 3 16-21 6
7 «Формула успеха» 9 1 2 6 18-38 5
8 «Самандар» 9 1 2 6 24-41 4

Нишонзанҳо: Фирӯз САНГОВ («Соро компания») – 21 гол, Соҳиб РАУПОВ («Газпром») – 11 гол, Баҳром ЯРМАТОВ («Сипар») – 10 гол.

 

Дар даври 10-ум вомехӯранд:

23 август (якшанбе)

10:00 – «Сипар» — «Самандар»

12:00 – «Газпром» — «Соро компания»

13:00 – «Бонки миллӣ» — «Формула успеха»

18:00 – ТКБ «Лизинг» — «ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий