Футзали Тоҷикистон: пешсафон мусобиқаро бо ғалаба оғоз мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: пешсафон мусобиқаро бо ғалаба оғоз мекунанд

Рӯзи истироҳати ҳафтаи гузашта мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон (серияи “Касбӣ”) бо иштироки ҳашт даста оғоз гардид.

Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “ДИСИ Инвест”-и Душанбе дар Турсунзода бар “Самандар” бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд. Голҳои дастаи пойтахти кишарро Дилшод Саломов, Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов ва Муҳаммад Раҳмонов ба самар расонданд.

Витсе-чемпиони мамлакат дастаи футзали  “Соро компания”-и Душанбе  низ дар даври аввали мусобиқа ба ғалаба ноил шуд. Футзалистони “Соро компания” дар сафар бар “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо гаштанд. Ду голи футзалистони душанбегиро Алиҷон Ҳабибуллое ва як голиро Фирӯз Сангов, Далер Наимов ва Шаҳром Муминов заданд.

Дастаи футзали дигари пойтах “Карон”-и Душанбе (дар собиқ ТКБ “Лизинг”) дар даври ифтитоҳии мусобиқа дебютанти имсолаи мусобиқа “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 10 бар 5 шикаст дод.  Дар ҳайати ғолибон Файзалӣ Саидов ба задани чор гол муваффақ шуд. Се голи дастаи навтаъсиси футзали “Хуҷанд”-ро бошад чемпиони Бозиҳои Осиёӣ, боксёри маъруфти тоҷик Ҷаҳон Қурбонов зад.

Дар бозии дигари даври ифтитоҳӣ “Газпром” бар “Сино” бо ҳисоби калони 11 бар 7 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ панҷ голи ғолибонро бозигари мунтахаби милии футзали Тоҷикистон Меҳрубон Тиллозода ба самар расонд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Газпром» – «Сино» – 11:7

Голҳо: Меҳрубон Тиллозода (5), Шерзод Ҷумаев (2), Дилшод Расулов, Иззат Нигматов, Фирдавс Азизов, Фирӯз Бобиев – Азамат Шодиев (3), Эмомалии Аҳмадҷон (2), Беҳзод Шодиев, Ислом Зоиров.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМеҳрубон Тиллоев («Газпром»).

 

«Сипар» – «Соро компания» – 2:5

Голҳо: Акмал Баҳодуров, Бинёмин Иқболӣ – Алиҷон Ҳабибуллоев (2), Фирӯз Сангов, Далер Наимов, Шаҳром Муминов.

Аз майдон хориҷ шуд: Сиёвуш Қаюмов («Соро компания») – фоли «умеди охирон».

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алиҷон Ҳабибуллоев («Соро компания»).

 

«Хуҷанд» – «Карон» – 5:10

ГолҳоҶаҳон Қурбонов (3), Маъруф Ҳомидов, Дилшод Неъматов – Файзалӣ Сардоров (4), Некрӯз Алиаҳмадов (2), Фирдавс Абдуллоев (2), Ҷавлон Назаров, Бахтиёр Шарипов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров («Карон»).

 

«Самандар» – «ДИСИ Инвест» – 2:4

Голҳо: Низом Махмаев, Сӯҳроб Холбобоев – Дилшод Саломов, Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Карон» (Душанбе) 1 1 0 0 10-5 3
2 «Газпром» (Душанбе) 1 1 0 0 11-7 3
3 «Соро компания» (Душанбе) 1 1 0 0 5-2 3
4 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 1 1 0 0 4-2 3
5 «Самандар» (Турсунзода) 1 0 0 1 2-4 0
6 «Сипар» (Хуҷанд) 1 0 0 1 2-5 0
7 «Сино» (Душанбе) 1 0 0 1 7-11 0
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 0 0 1 5-10 0

Добавить комментарий