Футзали Тоҷикистон: нахустин викторияи «Сипар» – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: нахустин викторияи «Сипар»

Дар бозии марказии даври семи лигаи касбии футзали Тоҷикистон чемпиони феълии мамлакат “ДИСИ Инвест”-и пойтахт “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 шикаст дод. Бояд гуфт, ки дар ин вохӯрӣ ҳисобро футзалбозони “Соро компания” боз кардан, ки он барояшон ибтидову интиҳоӣ шуд.  Ба голи ягонаи онҳо бозигарони футзали “ДИСИ Инвест” бо ҳашт гол ҷавоб гуфтанд. Дар ин бозӣ капитани ғолибон Ораз Ализода муаллифи хет-трик шуд.

_DSC0507_DSC0518_DSC0534Аз ҳама дида, дастаи сулҳдӯсти лига “ТКБ Лизинг” ин бор низ бозияшро мусовӣ анҷом кард. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозӣ бо “Самандар”-и Турсунзода қариб буд, ки ба нахустин ғалаба ноил шаванд. Аммо дар қисми якуми вохӯрӣ бо 2 гол пешсаф будан, дар қисми дуюм ба дарвозаи худ ду гол сар доданд. Баъди ин мусовӣ “Самандар”-и Турсунзода соҳиби имтиёзи аввалини чемпионат шуд.

Баъд аз се мағлубияти пайдарҳам “Сипар”-и Хуҷанд дар ин давр ба пирӯзӣ ноил шуд. Футзалистони хуҷандӣ бо ҳисоби 5 бар 2 “Формула успеха”-и пойтахтро мағлуб карданд.

Барномаи даври сеюми сабқати мазкур имрӯз, 21 июн, анҷом мешавад. Футзалистони “Бонки миллӣ” бо витсе-чемпиони футзали Тоҷикистон дастаи “Газпром” рӯбарӯ мешаванд. Оғози ин бозӣ соати 17.00.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 3-юм

«ДИСИ Инвест» «Соро компания» 8:1

ГолҳоФирӯз Сангов, 2 (0:1). Ораз Ализода, 24 (1:1). Ораз Ализода, 25 (2:1). Носир Ҳоҷӣ, 27 (3:1). Арсен Фармонбеков, 36 (4:1). Шавкат Ҳалимов, 42 (5:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 47 (6:1). Ораз Ализода, 48 (7:1). Исматулло Давлатов, 49 (8:1).

 

«ТКБ Лизинг» «Самандар» 2:2

ГолҳоОзар Норматзода, 11 (1:0). Озар Норматзода, 18 (2:0). Шамсуллоев, 42 (2:1). Ҷавлон Назаров, 45 – ба дарвозаи дастаи худ (2:2).

 

«Сипар» «Формула успеха» 5:2

Голҳо: Кузиев, 12 (1:0). Каримов, 28 (1:1). Худойназаров, 29 (1:2). Шодиев, 33 (2:2). Валиев, 34 (3:2). Мирзораҳимов, 38 (4:2). Мирзораҳимов, 45 (5:2).

 

21 май (панҷшанбе)

17.00 – «Бонки миллӣ» – «Газпром»

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 3 3 0 0 22-4 9
2 «Газпром» (Душанбе) 3 2 1 0 9-6 7
3 «Соро компания» (Душанбе) 3 2 0 1 17-19 6
4 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 2 1 0 1 7-6 3
5 «Сипар» (Хуҷанд) 4 1 0 3 11-13 3
6 «ТКБ Лизинг» (Душанбе) 3 0 3 0 7-7 3
7 «Формула успеха» (Душанбе) 3 0 1 2 5-14 1
8 «Самандар» (Турсунзода) 3 0 1 2 13-22 1

Нишонзанҳо: Фирдавс ТУСМАТОВ («Самандар») – 7тӯб, Фирӯз САНГОВ («Соро компания») – 6 тӯб.

Добавить комментарий