Футзали Тоҷикистон: мусовӣ дар Тошканд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: мусовӣ дар Тошканд

Бозии санҷишӣ миёни мунтахабҳои миллии Убекистону Тоҷикистон мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Вохӯрӣ рӯзи 27 январ, дар маҷмааи варзишии «Узбекистон» дар Тошканд баргузор шуд. Голҳоро Нодир Элибоев (Узбекистон) ва Дилшод Саломов (Тоҷикистон) ба самар расонданд.

Дар чемпионати Осиё-2016, ки аз рӯи ҳисоб 14-ум мебошад, мунтахаби миллии футзали Точикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Ҳарифони футзалистони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои футзали Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин (15 феврал) мебошанд. Мусобиқа аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир хоҳад шуд.

 

Бозии санҷишӣ

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1

Голҳо: Нодир Элибаев, 7 (1:0). Дилшод Саломов, 11 (1:1).

Узбекистон: Акмал Ҳазратқулов, Артур Юнусов (капитан), Константин Свиридов, Дилшод Раҳматов, Фарҳод Абдумавлонов.

Эҳтиётиён: Клим Тюгаев, Дилшод Ирсалиев, Нодир Элибаев, Фирӯз Фахриддинов, Даврон Чориев, Андрей Шлема, Ҷамолиддин Шарипов, Ҷавлон Аноров.

Тоҷикистон: Фирӯз Бекмуродов, Мансур Мамедбабаев, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Меҳрубон Тиллозода.

Эҳтиётиён: Муродулло Алиқулов, Фирӯз Юсуфзода, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҳмонов, Арсен Фармонбеков, Файзалӣ Сардоров, Акбарҷон Ортуқов.

Огоҳонида шуд: Арсен Фармонбеков (Тоҷикистон).

27 январ. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Добавить комментарий