Футзали Тоҷикистон: гекса-трики Фурқат Аҳмадҷонов – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: гекса-трики Фурқат Аҳмадҷонов

Якшанбеи гузашта бозиҳои даври навбатии лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир шуданд.

Лидери чемпионат “ДИСИ Инвест”-и пойтахт ғалабаи навбатии даҳуми худро ба даст даровард. Дар доираи ин давр “ДИСИ Инвест” бар ТКБ “ Лизинг” бо ҳисоби 8 бар 3 пирӯз шуд. Ҳаминро бояд қард, ки дар ин бозӣ аввалӣ шуда ҳисобро футзалистони ТКБ “Лизинг” боз карданд, аммо инвестчиён матонату соҳибиродагӣ зоҳир намуда, муваффақ шуданд, ки вохӯриро бо ҳисоби калон ба фоидаи худ анҷом диҳанд.

“Сипар”-и Хуҷанд бошад дар майдони худ бо ҳисоби бузурги 11 бар 5 “Самандар”-и Турсунзодаро мағлуб сохт. Узви мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, бозигари “Сипар” Фурқат Аҳмадҷонов дар ин вохӯрӣ  гекса-трик карда, ба дарвозаи футзалистони металлургчӣ шаш гол зад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Бонки миллӣ» – «Формула успеха» – 4:2

Голҳо: Беҳрӯз Абдуалимов, 12 (1:0). Сиёвуш Шарипов, 14 (2:0). Ҳасан Иззатуллоев, 18 (2:1). Фаррух Худойназаров, 23 (2:2). Саҳбон Назаров, 36 (3:2). Беҳрӯз Абдуалимов, 43 (4:2).

 

«Сипар» – «Самандар» – 11:5

Голҳо: Андрей Георгиевский, 3 (1:0). Фурқат Аҳмадҷонов, 7 (2:0). Низом Махмаев, 10 (2:1). Низом Махмаев, 19 (2:2). Андрей Георгиевский, 20 (3:2). Фурқат Аҳмадҷонов, 23 (4:2). Умед Мирзораҳимов, 24 (5:2). Фурқат Аҳмадҷонов, 26 (6:2). Низом Махмаев, 27 (6:3). Фурқат Аҳмадҷонов, 28 (7:3). Дилшод Ёрматов, 29 (8:3). Фарҳод Наҷмиддинов, 38 (8:4). Фурқат Аҳмадҷонов, 42 (9:4). Фурқат Аҳмадҷонов, 45 (10:4). Зафар Раҳмонов, 46 (11:4). Низом Махмаев, 49 (11:5).

 

«Сипар» – «Самандар» – 7:3

ГолҳоУмед Мирзораҳимов, 9 (1:0). Низом Махмаев, 16 – ба дарвозаи дастаи худ (2:0). Андрей Георгиевский, 24 (3:0). Сӯҳроб Сатторов, 32 (3:1). Баҳром Йигиталиев, 35 (3:2). Низом Махмаев, 41 (3:3). Дилшод Ёрматов, 46 (4:3). Фурқат Аҳмадҷонов, 47 (5:3). Андрей Георгиевский, 48 (6:3). Шӯҳрат Бибудов, 48 (7:3).

 

ТКБ «Лизинг» – «ДИСИ Инвест» – 3:8

ГолҳоМасрур Маҳмадакимов, 4 (1:0). Кирилл Севалов, 8 (2:0). Собирҷон Гуляков, 9 (2:1). Ҳоҷӣ Носир, 21 (2:2). Амин Насруллозода, 22 (2:3). Амин Насруллозода, 25 (2:4). Арсен Фармонбеков, 29 (2:5). Ҳоҷӣ Носир, 34 (2:6). Фирӯз Бекмуродов, 37 (2:7). Собирҷон Гуляков, 47 (2:8). Некрӯз Алимаҳмадов, 48 (3:8).

 

«Газпром» – «Соро компания» – 0:0

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 10 10 0 0 62-15 30
2 «Соро компания» (Душанбе) 12 8 2 2 52-43 26
3 «Сипар» (Хуҷанд) 15 7 2 6 60-45 23
4 «Газпром» (Душанбе) 10 4 3 3 30-29 15
5 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 6 3 0 3 20-24 9
6 ТКБ «Лизинг» (Душанбе) 10 1 4 5 21-39 7
7 «Формула успеха» (Душанбе) 10 1 2 7 21-42 5
8 «Самандар» (Турсунзода) 11 1 2 8 32-59 4

Нишонзанҳо: Фирӯз САНГОВ («Соро компания») – 21 гол, Соҳиб РАУПОВ («Газпром»), Арсен ФАРМОНБЕКОВ («ДИСИ Инвест»), Умед МИРЗОРАҲИМОВ («Сипар») – 11 голӣ.

Добавить комментарий