Футзали Тоҷикистон: «ДИСИ Инвест» ва «Соро компания» пешсафанд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: «ДИСИ Инвест» ва «Соро компания» пешсафанд

Хушбахтона, соли дуввум аст, ки бозиҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида мешавад. Масъулияти баргузории ин мусобиқаро шуъбаи футзал бар ӯҳда дорад.

Дар бозиҳои даври дуюми сабқати имсола дастаҳои футзали “ДИСИ Инвест” ва “Соро компания” ғалабаҳои навбатиро соҳиб шуданд. Ҳар дуи дастаҳо аз шаҳри Душанбе ҳастанд.

Чемпиони феълии футзали мамлакат “ДИСИ Инвест” дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби калони 8 бар 3 шикаст дода, “Соро компания” бар витсе-чемпиони кишвар “Бонки миллӣ” бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуд. Дар бозии аввал голҳои ғолибонро Муҳаммад Раҳмоналиев, Раҳмоналӣ Шарипов ва Арсен Фармонбеков ба самар расониданд.

Бозии байни “Формула успеха” ва “ТКБ Лизинг” бисёр шавқовар доир гардида ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигарӣ се голӣ заданд.

“Газпром”-и пойтахт ва “Сипар”-и Хуҷанд якбора ду бозӣ гузарониданд, ки дар ҳар ду бозӣ дасти шаҳри Душанбе ғолиб омад. Бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 2 ва бозии дуюм бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи “Газпром” анҷом ёфтанд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Соро компания» – «Бонки миллӣ» – 4:3

Голҳо: Беҳрӯз Абдуалимов, 13 (0:1). Фирӯуз Сангов, 28 (1:1). Фирӯз Сангов, 32 (2:1). Фирӯз Сангов, 35 (3:1). Шерзод Ҷумаев, 30 (3:2). Далер Наимов, 44 (4:2). Саҳбон Назаров, 48 (4:3).

 

«Газпром» – «Сипар» – 3:2

Голҳо: Юлдошев, 18 (0:1). Мирзораҳимов, 22 (0:2). Раупов, 41 (1:2). Намозов, 47 (2:2). Ортуков, 49 (3:2).

Майдонро тарк кард: Шаҳром Шодиев («Сипар»), 45 – барои фоли «умеди охирон».

 

«Формула успеха» – «ТКБ Лизинг» – 3:3

ГолҳоНазаров, 3 (0:1). Алимаҳмадов, 13 (0:2). Каримов, 18 (1:2). Алимаҳмадов, 41 (1:3). Гадоев, 43 (2:3). Каримов, 50 (3:3).

 

«Самандар» – «ДИСИ Инвест» – 3:8

Голҳо: Фирдавс Тусматов, Илгиталиев – Муҳаммад Раҳмонов (2), Раҳмоналӣ Шарипов (2), Арсен Фармонбеков (2), Ораз Ализода, Носир Ҳоҷӣ.

 

«Газпром» – «Сипар» – 4:2

Голҳо: Тиллозода, 7 (1:0). Ортуков, 13 (2:0). Раупов, 16 (3:0). Юлдошев, 31 (3:1). Ёрматов, 43 (3:2). Раупов, 49 (4:2).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Газпром» (Душанбе) 3 2 1 0 9-6 7
2 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 2 2 0 0 14-3 6
3 «Соро компания» (Душанбе) 2 2 0 0 16-11 6
4 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 2 1 0 1 7-6 3
5 «ТКБ Лизинг» (Душанбе) 2 0 2 0 5-5 2
6 «Формула успеха» (Душанбе) 2 0 1 1 3-9 1
7 «Сипар» (Хуҷанд) 2 0 0 2 4-7 0
8 «Самандар» (Турсунзода) 2 0 0 2 11-20 0

Нишонзанҳо: Фирдавс ТУСМАТОВ («Самандар») – 7 тӯб, Фирӯз САНГОВ («Соро компания») – 5 тӯб, Шерзод ҶУМАЕВ («Нацбанк») – 4 тӯб.

 

Дар даври сеюм вомехӯранд:

17 май (якшанбе)

12.00 – «ДИСИ Инвест» – «Соро компания»

13.00 – «ТКБ Лизинг» – «Самандар»

10.00 – «Сипар» – «Формула успеха»

21 май (панҷшанбе)

17.00 – «Бонки миллӣ» – «Газпром»

Добавить комментарий