Футзали Тоҷикистон: бохт аз финалисти чемпионати бошгоҳии Осиё – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: бохт аз финалисти чемпионати бошгоҳии Осиё

Имрӯзҳо мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ҷамъомади таълимию машқияшро дар Кувайт мегузаронад. Дар доираи ин омадагӣ футзалистони тоҷик бо финалисти чемпионати бошгоҳии Осиё дастаи “Ал-Қадсия” бозии дӯстона гузарониданд.

Бозӣ бо ҳисоби 6 бар 4 ба фоидаи соҳибони паркет анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби футзали моро Раҳмоналӣ Шарипов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов ва Мансур Мамадбабаев ба самар расонданд.

Имрӯз, 13 август, шогирдони Ҳусейн Шодиев бо мунтахаби миллии футзали Кувайт бозии санҷишӣ мегузаронанд. Оғози бозӣ соати 21.00 ба вақти Душанбе. Рӯзи шанбеи 15 август мунтахабҳои миллии Кувайту Тоҷикистон бори дагар дар бозии дӯстона бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Добавить комментарий