Футзал: «Соро компания» ба мақоми аввал баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: «Соро компания» ба мақоми аввал баромад

Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми июл доир шуданд, дар ҷадвали мусобиқа тағйрот ба амал омад. «Соро компания»-и Душанбе дар ин давр бар дебютани Лига, дастаи футзали «Сино» бо ҳисоби 7 бар 4 пирӯз шуд.

Се голи ғолибонро Сиёвуш Каримов ба нишон зад. Баъди ин ғалаба, дастаи футзали «Соро компания» ба зинаи якуми ҷадвали мусобиқа баромад.

«Газпром»-и Душанбе низ то имрӯз ягон бохт надорад. Командаи Хуршед Пиров чор бозӣ гузаронида дар ҳамаи онҳо ғолиб шудаст. Дар даври ҳисобӣ футзалистони «Газпром» бар «Карон» бо ҳисоби калони 10 бар 4 дастболо шуданд. Чор голи «Газпром»-ро собиқ бозигари мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Шерзод Ҷумаев ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари ин давр «Хуҷанд» дар майдони худ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби калони 9 бар 0 шикаст дод.

Бозиҳи даври навбатӣ рӯзи якшанбеи 31-уми июл доир мешаванд. Дар бозии марказии давр футзалистони «Соро компания» бо «Газпром» вомехӯранд. Ин бозӣ дар маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт» соати 14.00 баргузор мешавад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон:

«Сино» – «Соро компания» – 4:7

Голҳо: Сиёвуш Қаюмов, 1 (0:1). Сиёвуш Қаюмов, 6 (0:2). Далер Наимов, 10 (0:3). Акбар Ортуқов, 14 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 27 (0:5). Беҳзод Шодиев, 29 (1:5). Шоҳин Бердиев, 34 (2:5). Фирӯз Сангов, 35 (2:6). Азамат Шодиев, 37 (3:6). Далер Наимов, 38 (3:7). Холид Сабуров, 39 (4:7).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сиёвуш Қаюмов («Соро компания»).

Сардовар: Наврӯзҷони Сулаймон (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

24 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

 

«Газпром» – «Карон» – 10:4

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 (0:1). Шерод Ҷумаев, 16 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 19 (1:2). Фирӯз Бобиев, 23 (2:2). Шерзод Ҷумаев, 26 (3:2). Дилшод Расулов, 28 (4:2). Меҳрубони Тиллозода, 29 (5:2). Павел Калугин, 30 (6:2). Меҳрубони Тиллозода, 33 (7:2). Шерзод Ҷумаев, 34 (8:2). Шерзод Ҷумаев, 36 (9:2). Фирӯз Бобиев, 38 (10:2). Дидор Қадамшоев, 38 (10:3). Х. Раҳмонов, 39 (10:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Меҳрубони Тиллозода («Газпром»).

Сардовар: Шуҳрат Раҷабов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

24 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

 

«Хуҷанд» – «Самандар» – 9:0

Голҳо: Даврон Ҳакимбоев, 10 (1:0). Амир Бобоҷонов, 11 (2:0). Даврон Ҳакимбоев, 15 (3:0). Амир Ҳомидов, 17 (4:0). Хуршед Зоидов, 18 (5:0). Ҷаҳон Қурбонов, 25 (6:0). Ҷаҳон Қурбонов, 26 (7:0). Ҷаҳон Қурбонов, 30 (8:0). Илҳом Раҳимов, 35 (9:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳон Қурбонов («Хуҷанд»).

Сардовар: Дилшод Абдуллоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

24 июл. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 6 5 0 1 28-20 15
2 «Газпром» (Душанбе) 4 4 0 0 38-18 12
3 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 4 4 0 0 20-8 12
4 «Сипар» (Хуҷанд) 6 4 0 2 37-26 12
5 «Карон» (Душанбе) 6 3 0 3 41-11 9
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 3 0 3 33-30 9
7 «Сино» (Душанбе) 7 0 0 7 24-55 0
8 «Самандар» (Турсунзода) 7 0 0 7 18-51 0

Нишонзанҳо: Файзалӣ Сардоров («Карон») – 14 гол, Шерзод Ҷумаев («Газпром»), Меҳрубони Тиллозода («Газпром»), Некрӯз Алиаҳмадов («Карон»), Ҷжаҳон Қурбонов («Хуҷанд») – 12 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои даври навбатӣ:

31 июл (якшанбе)

11:00 – «ДИСИ Инвест» – «Хуҷанд». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

12:30 – «Карон» – «Сипар». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

14:00 – «Соро компания» – «Газпром». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

14:00 – «Самандар» – «Сино». Турсунзода, маҷмааи варзишии «Самандар».

Добавить комментарий