Футзал: шумораи имтиёзҳои «Соро компания» бо «ДИСИ Инвест» баробар гашт – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: шумораи имтиёзҳои «Соро компания» бо «ДИСИ Инвест» баробар гашт

Дар даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон се вохӯрӣ доир шуд.

Дар бозии марказии давр байни ду дастаи  футзали пойтахт – «Соро компания» ва «Карон» муборизаи баробар ҳосил нашуд. Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Соро компания» бо ҳисоби калони 8 бар 2 «Карон»-ро шикаст дод. Дар ҳайати дастаи ғолиб Акбар Ортуқов ва Сиёвуш Каримов ба задани ду голӣ ва Фирӯз Сангову Фирӯз Юсуфзода бошанд ба задании як голӣ муваффақ шуданд.

Дар ин давр футзалистони «Хуҷанд» дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш» дебютани лига дастаи футзали «Сино»-ро бо ҳисоби 6 бар 3 мағлуб сохт.

«Сипар»-и Хуҷанд низ дар ин давр ба ғалаба ноил шуд. «Сипар» дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби 6 бар 3 пирӯз гардид. Голҳои дастаи футзали Музаффар Ҳасанов, Умед Мирзораҳимов ва Парвиз Раҳматов ба самар расонданд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи якшанбеи 25 июл  доир хоҳанд шуд. Дар ин рӯз  «Сино» – «Соро компания», «Хуҷанд» – «Самандар» ва «Газпром» – «Карон» вомехӯранд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 5-ум

«Хуҷанд» – «Сино» – 6:3

Голҳо: Ҷаҳон Қурбонов (2), Амир Бобоҷонов (2), Амир Ҳомидов, Шероз Қосимов – Холид Сабуров, Азамат Шодиев.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Амир Бобоҷонов («Хуҷанд»).

Сардовар: Дилшод Абдуллоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

17 июл. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

 

«Самандар» – «Сипар» – 3:6

Голҳо: С. Холбобоев (3) – Музаффар Ҳасанов (2), Умед Мирзораҳимов (2), Парвиз Раҳматов (2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умед Мирзораҳимов («Сипар»).

Сардовар: Комил Қурбонов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Фурқат Аҳмадҷонов (Душанбе).

17 июл. Маҷмааи варзишии «Самандар». 45 тамошобин.

 

«Карон» – «Соро компания» – 2:6

Голҳо: Некрӯз Алиаҳмадов (2) – Сиёвуш Қаюмов (2), Акбар Ортуков (2), Фирӯз Сангов, Фирӯз Юсуфзода.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирӯз Юсуфзода («Соро компания»).

Сардовар: Олим Норбоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Ашуров (Душанбе).

19 июл. Маҷмааи варзишии «Таджикгосстандарт». 350 тамошобин.    

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 4 4 0 0 20-8 12
2 «Соро компания» (Душанбе) 5 4 0 1 21-16 12
3 «Карон» (Душанбе) 5 3 0 2 37-21 9
4 «Газпром» (Душанбе) 3 3 0 0 28-14 9
5 «Сипар» (Хуҷанд) 5 3 0 2 28-21 9
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 0 3 24-30 6
7 «Сино» (Душанбе) 6 0 0 6 20-48 0
8 «Самандар» (Турсунзода) 5 0 0 5 13-33 0

Нишонзанҳо: Файзалӣ Сардоров («Карон») – 13 гол, Некрӯз Алиаҳмадов («Карон») – 11 гол, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 10 гол, Ҷаҳон Қурбонов («Хуҷанд») – 9 гол, Фирӯз Сангов («Соро компания») – 8 гол.

 

Дар даври шашум вомехӯранд:

24 июл (якшанбе)

11:00 – «Сино» – «Соро компания». Душанбе, маҷмааи варзишии  «Таджикгосстандарт»

12:00 – «Хуҷанд» – «Самандар». Хуҷанд, маҷмааи варзишии  «Қасри варзиш»

12:30 – «Газпром» – «Карон». Душанбе, маҷмааи варзишии  «Таджикгосстандарт»

Добавить комментарий