Футзал: «Шелкокомбинат» – ғолиби марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар Хуҷанд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: «Шелкокомбинат» – ғолиби марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар Хуҷанд

Рӯзи шанбеи 27 декабр, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи пешакии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.

Он гуна ки ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи вилояти Суғд Абдумалик Ғаффоров хабар дод, дар марҳилаи пешакии ин мусобиқа 12 дастаи футзал аз шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд. Дар бозии финалӣ бошад, футзалистони дастаҳои «Шабпарак» ва «Шелкокомбинат» рӯбарӯ шудавнд.

Ба тамошои бозии финалӣ бештар аз ду ҳазор мухлисон ташриф оварданд.  Бозӣ бошад, хеле ҷаззоб, шавқовар ва диданӣ сурат гирифт. Ҳисоби бозиро аввалӣ шуда, футзалистони «Шабпарак» боз карданд. Аммо, бозигарони «Шелкокомбинат» матонату қавииродагӣ зоҳир карда, то анҷоми қисми аввали вохӯрӣ, ба дарвозаи ҳарифон ду гол зада, ба сафи пеш баромаданд. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Дар қисми дуюм бошад, бозигарони дастаҳо муваффақ шуданд, ки ба дарвозаи ҳамдигарӣ боз ду голии дигар занад. Ба ин тартиб, воҳурӣ бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи футзалистони дастаи «Шелкокомбинат» анҷом ёфт. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳайати дастаи ғолиб бародарон – Файзидин ва Ҷаҳон Қурбоновҳо ба задани ду голӣ муваффақ шуданд. Ҷаҳон Қурбонов дар миёни мухлисони варзиш, ҳамчун иштирокчии Бозиҳои Олимпӣ ва ғолиби Бозиҳои Осиёӣ оид ба бокс маъруфу машҳур аст.

Ба ин тартиб, дастаи футзали «Шелкокомбинат» соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд. Футзалистони «Шабпарак» бошанд, дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Добавить комментарий