Футзал: пешсафон ғолиб мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: пешсафон ғолиб мешаванд

Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта бозиҳои даври навбатӣ дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа «ДИСИ Инвест»-и Душанбе дебютант ва аутсайдери имсолаи Лига дастаи футзали «Сино»-ро бея гон мушкилӣ бо ҳисоби 5 бар 3 мағлуб кард. Ду голи ғолибонро Ораз Ализода ба самар расонд.

Дар бозии дигар «Карон» дар Турсунзода бар дастаи маҳалии «Самандар» бо ҳисоби 10 бар 6 зафар ёфт. Дар ин бозӣ чор голи «Карон»-ро Файзалӣ Сардоров ва се голро Ҳотамшоҳ Раҳмонов ба самар расонданд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«ДИСИ Инвест» – «Сино» – 5:3

Голҳо: Ораз Ализода, 2 (1:0). Зулфиқор Раҳмонов, 18 (2:0). Сомон Саидов, 20 (2:1). Раби Рабиев, 23 (2:2). Муҳаммад Раҳмонов, 28 (3:2). Ораз Ализода, 29 (4:2). Сомон Саидов, 30 (4:3). Умед Кузиев, 35 (5:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ораз Ализода («ДИСИ Инвест»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

 

«Самандар» – «Карон» – 6:10

Голҳо: Низом Махмаев (3), Ихтиёр Игамбердиев, Фирдавс Тусматов, Содик Холбобоев – Файзалӣ Сардоров (4), Ҳотамшоҳ Раҳмонов (3), Кирилл Севалов (2), Дидор Қадамшоев.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳотамшоҳ Раҳмонов («Карон»).

Сардовар: Комил Қурбонов (Турсунзода).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 12 11 1 0 68-26 34
2 «Cипар» (Хуҷанд) 15 10 0 5 100-68 30
3 «Соро компания» (Душанбе) 12 8 0 4 60-46 24
4 «Карон» (Душанбе) 15 8 0 7 90-83 24
5 «Газпром» (Душанбе) 10 7 1 2 68-45 22
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 3 0 7 42-63 9
7 «Самандар» (Турсунзода) 14 2 0 12 51-101 6
8 «Сино» (Душанбе) 14 1 0 13 51-98 3

Нишонзанҳо: Файзалӣ Сардоров («Карон») – 30 гол, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 23 гол, Некрӯз Алимаҳмадов («Карон»), Шерзод Ҷумаев («Газпром») –  22 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои навбатӣ:

18 сентябр (якшанбе)

11:00 – «Сино» – «Газпром». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

12:30 – «Соро компания» – «Сипар». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

16:30 – «ДИСИ Инвест» – «Самандар». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

Добавить комментарий