Футзал: оғози бобарори чемпион – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: оғози бобарори чемпион

Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дувумин Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо баргузории чор бозӣ шурӯъ шуд. Дар лигаи мазкур ҳашт дастаи футзали шаҳру навоҳии кишвар ширкат мекунад.

Чемпиони амалкунандаи футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвест”-и пойтахт дастаи “Формула успеха”-ро бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 шикаст дод. Голҳои ғолибонро Носир Ҳоҷӣ, Раҳмоналӣ Шарипов, Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов ва Амин Насруллозода ба самар расониданд. Як голи дигарро футзалбозони “Формула успеха” ба дарвозаи дастаи худашон заданд. Муаллифи автогол Фирдавс Ғафуров шуд.

Дар бозиҳои дигари даври ифтитоҳӣ дастаи футзали “Соро компания” бо ҳисоби 12 бар 8 бар “Самандар” ва футзалбозони “Бонки миллӣ”  бо ҳисоби 4 бар 2 бар “Сипар” пирӯз шуданд. Дар бозии байни “ТКБ Лизинг” ва “Газпром” ғолиб маълум нагашт. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.

IMG_6814IMG_7146Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Самандар» «Соро компания» 8:12

ГолҳоФирдавс Тусматов (5), Сӯҳроб Сатторов (2), Холмумин Ҳамроев – Сӯҳроб Ҳасанов (3), Сиёвуш Қаюмов (3), Алиҷон Ҳабибуллоев (2), Фирӯз Сангов (2), Елчибек Елчибеков, Неъмат Саидов.

 

«ДИСИ Инвест» «Формула Успеха» 6:0

ГолҳоНосир Ҳоҷӣ, 1 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (2:0). Фирдавс Ғафуров, 6 – ба дарвозаи дастаи худ (3:0). Арсен Фармонбеков, 29 (4:0). Шавкат Ҳалимов, 30 (5:0). Амин Насруллозода, 32 (6:0).

 

«ТКБ Лизинг» «Газпром» 2:2

Голҳо: Ҷавлон Назаров, 20 (1:0). Дилшод Расулов, 21 (1:1). Зоир Содиқов, 28 (2:1). Дилшод Расулов, 43 (2:2).

 

«Сипар» «Бонки миллӣ» 2:4

Голҳо: Шерзод Ҷумаев, 18 (0:1). Шерзод Ҷумаев, 28 (0:2). Мубориз Асадбеков, 35 (0:3). Баҳодур Юлдошев, 37 (1:3). Шерзод Ҷумаев, 43 (1:4). Шаҳром Шодиев, 50 (2:4).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
2 «Соро компания» (Душанбе) 1 1 0 0 12-8 3
3 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 1 1 0 0 4-2 3
4 «ТКБ Лизинг» (Душанбе) 1 0 1 0 2-2 1
5 «Газпром» (Душанбе) 1 0 1 0 2-2 1
6 «Сипар» (Хуҷанд) 1 0 0 1 2-4 0
7 «Самандар» (Турсунзода) 1 0 0 1 8-12 0
8 «Формула успеха» (Душанбе) 1 0 0 1 0-6 0

Нишонзанҳо: Фирдавс ТУСМАТОВ («Самандар») – 5 тӯб, Шерзод ҶУМАЕВ («Бонки миллӣ»), Сиёвуш ҚАЮМОВ, Сӯҳроб ҲАСАНОВ (ҳар ду аз «Соро компания») – 3 голӣ.

Добавить комментарий