Футзал: мусовӣ дар бозии собиқадорон – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: мусовӣ дар бозии собиқадорон

Дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт” бозии дӯстона байни собиқадорони футболи Академияи “Истиқлол” ва устодони футболи Афғонистон баргузор шуд.

Новобаста аз мазмун ва дараҷаи дӯстона доштанаш, вохӯрӣ бисёр ҷаззоб, шавқовар ва диданӣ сурат гирифт. Дар рафти бозӣ натиҷа тағйир меёфт. Мусовии дӯстона ҳеҷ кадоме аз дастаҳоро қонеъ намекард. Бозигарони собиқадори ҳар ду даста сидқан талоши ба дигарӣ ғолиб шуданро доштанд.  Собиқадорони  Академияи “Истиқлол” бозиро бохта истидода, дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ муваффақ шуданд, ки ҳисобро баробар – 5 бар 5 созанд. Дар сонияҳои охири бозӣ бошад меҳмонони афғон барои бори шашум қоидаи бозиро вайрон карданд ва мувофиқи қоидаҳои бозии футзал сардовари вохӯрӣ Беҳрӯз Муртазоев ба дарвозаи онҳо ҷаримаи дабл-пеналтии 10 метра таъин намуд. Аммо, ба бозигари соҳибтаҷрибаи дастаи мизбон Рустам Хоҷаев муяссар нашуд, ки тӯбро вориди дарвозаи собиқадорони футболи Афғинистон созад. Баъди зарбаи сахти Рустам Хоҷаев тӯб ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрд. Ба ин тартиб чуноне, ки дар футбол мегӯянд, дар ин бозӣ дӯстӣ ғалаба кард ва вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Дар ин  бозӣ ду голи собиқадорони Академияи “Истиқлол”-ро Қурбон Хоҷаев, як голиро Рустам Қурбонов, Субҳон Хоҷамов ва Рустам Хоҷаев ба самар расонданд. Дар ҳайати собиқадорони футболи Афонистон се голро Халид Диловар, як голиро Ғулом Фурӯг ва сармураббии мунтахаби миллии футзали Афғонистон Абдул Разоқ Момрак ба дарвозаи Саид Гаюрови 60-сола ворид карданд.

Пагоҳ, 12 март бошад собиқадорони футболи афғон бо собиқадорони футболи дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вомехӯранд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Балхӣ соати 16:00 доир хоҳад шуд.

Баъд, рӯзи душанбеи 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 16:00 бозии дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад.

Ба ғайр аз баргузории бозиҳои дӯстона меҳмонони Афғонистон бо фарҳангу маданияти бои миллии мардуми тоҷик аз наздик шиносу ошно хоҳанд шуд.

Добавить комментарий