Футзал: мураббиён соҳиби сертификати дараҷаи «Level-1» шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: мураббиён соҳиби сертификати дараҷаи «Level-1» шуданд

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими ба мураббиёни футзали тоҷик супоридани сертификати дараҷаи «Level-1»-и Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд.

Сертификати мазкур ба мураббиёне супорида шуд, ки соли гузашта дар Душанбе курси мураббиёни Конфедератсияи футболи Осиёро бомувафақият анҷом карданд. Ба ин тартиб 26 мураббӣ соҳиби сертификати мураббигии дараҷаи «Level-1»-и АФК шуданд. Инҳо Шерзод Ҷумаев, Шамшод Ниятбеков, Пайрав Воҳидов, Ҳусейн Шодиев, Нодирҷон Дӯсматов, Равшан Усуфҷонов, Дилшод Абдуллоев, Баҳодур Ярматов, Баҳодурхон Бабаев, Ҷавлон Назаров, Амирхон Тураев, Тағоймуроди Холмурод, Одил Ҳошимов, Хуршед Пиров, Эраҷ Носеҳов, Акбар Муҳаммедов, Увайдо Давлатбеков, Миралӣ Шарипов, Комрон Шодиев, Акбар Абдуллоев, Умед Исрофилов, Фазлиддин Умаров, Зоирҷон Содиқов, Далер Наимов, Мустафо Афшарӣ, Амин Ҷафарипур Исмоилӣ (ҳарду аз Эрон) мебошанд.

Добавить комментарий