Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2017 дастаи мунтахаби ҷавонони то сини 20 солаи Тоҷикистон бо мунтахаби футзали ҳамсолони худ аз Узбекистон ду бозии санҷишӣ мегузаронад.
Ҳарду бозӣ рӯзҳои 27 ва 28 январ дар Тошканд доир хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар аввалин чемпионати футзали Осиё-2017 байни ҷавонон, ки аз 9 то 21 май дар Таиланд доир мешавад, иштирок менамояд. Дар мусобиқаи мазкур, дар баробари мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон боз 21 дастаи дигари қораи Осиё иштирок мекунанд. Дар ин мусобиқа аз рӯи қуръакашӣ, ки баъдтар доир хоҳад шуд, чор гурӯҳ – ду гурӯҳи шаш дастагӣ ва ду гурӯҳӣ иборат аз панҷ дастагӣ созмон дода мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ бошад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳлаи баъдӣ роҳхат мегиранд.