Футзал: мавсими нав оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: мавсими нав оғоз мешавад

Рӯзи 13 май дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими бозиҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон (серияи “Касбӣ”) ва серяи “А” барои мавсими имсола доир гардид.

Дар мавсими имсолаи футзали Тоҷикистон ҳашт даста иштирок мекунад. Инҳо “ДИСИ Инвест”, “Соро компания”, “Газпром”, “Карон” ва “Сино”-и Душанбе, “Самандар”-и Турсунзода, “Сипар” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд иштирок мекунанд. Дастаи КМВА Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ хоҳиши дар ин мусобиқа иштирок карданро дорад, аммо то имрӯз ширкати ин даста мушаххас нашудаст. Агар ин мавзу мусбат баррасӣ гардад, он гоҳ дастаи КМВА ВМ ҶТ ҳамчун дастаи нуҳум ба мусобиқа роҳ дода мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дар даври якуми серияи “Касбӣ”-и мусобиқа дастаҳо ба ин тартиб вомехӯранд:

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, серияи “Касбӣ”, даври 1-ум, якшанбеи 15 май.

12:00  «Сипар» – «Соро компания». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш»

16:00 – «Газпром» – «Сино». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт».

13:00 – «Хуҷанд» – «Карон».Қайроққум, маҷмааи варзишии «Шоҳин»

14:00 – «Самандар» – «ДИСИ Инвест». Турсунзода, маҷмааи варзишии  «Самандар»

futsal3

Инчунин, дар ин рӯз қуръакашии мусобиқа дар байни дастаҳои футзали серияи “А” низ доир гардид. Дар ин мусобиқа 10 дастаи футзали пойтахт – «Натсбанк», «Помир», «Билайн», «Амонатбанк», «Формула успеха», «Ориёнбанк», TCELL, ДТЭТС, «Анкатрейдинг» ва «Сафариён» иштирок хоҳанд кард. Мусобиқаи мазкур дар ду қисм гузаронида мешавад ва ҳар як даста 18 бозӣ мегузаронад.

Дар даври якуми мусобиқа, ки рӯзи якшанбе 15 май доир мешавад, дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:

11:00 – ДТЭТС – «Анкатрейдинг»
12:00 – «Помир» – «Билайн»
13:00 – «Натсбанк» – «Сафариён»
14:00 – «Амонатбанк» – «Формула успеха»
15:00 – «Ориёнбанк» – TCELL

Баргузории ҳамаи бозиҳои серияи “А” рӯзи якшанбе дар маҷмааи варзишии “Тоҷикстандарт” (Якачинор) ба нақша гирифта шудаст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ширкати букмекерии “Формула успеха” дар мавсими имсолаи серияи “А”-и Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба ҳайси ҳамроҳи расмӣ (официальный партнер) баромад мекунад.

Добавить комментарий