Футзал: «ДИСИ Инвест» дар ҷадвали мусобиқа мавқеашро мустаҳкамтар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: «ДИСИ Инвест» дар ҷадвали мусобиқа мавқеашро мустаҳкамтар кард

Дар маҷмааи варзишии “Тоҷикстандарт” бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир шуданд, ки дар онҳо ягон натиҷаи ҳангомавӣ ба амал наомад.

Чемпиони феълии футзали мамлакат “ДИСИ Инвест”-и Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст даровард. Инвесторҳо дар ин бор бар “Соро компания” бо ҳисоби 7 бар 3 пирўз шуданд. Баъди ин ғалаба “ДИСИ Инвест” аз “Газпром”, ки дар мақоми дуюми ҷадвал қарор дорад, шаш имтиёз бештар доранд.

Дар ин давр “Карон” бар дебютанти Лига дастаи футзали Сино бо ҳисоби 7 бар 5 дастболо гардид. Дар ҳайати ғолибон се голро бозигари мунтахаби футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ба самар расонд.

Бозии байни дастаҳои футзали “Самандар” ва “Газпром” хеле тамошобоб ва пур аз гол шуд. дар ин бозӣ, дар маҷму ҳаждаҳ гол зада шуд ва вохўрӣ бо ҳисоби 11 бар 7 ба фоидаи футзалистони “Газпром” анҷом ёфт.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Карон» – «Сино» – 7:5

Голҳо: Дидор Қадамшоев, 8 (1:0). Насим Шарипов, 12 (2:0). Фирўз Абдуллоев, 14 (3:0). Сироҷиддин Ҳасанов, 23 (3:1). Хуршед Саломзода, 24 (3:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (4:2). Раби Рабиев, 33 (4:3). Шоҳин Бердиев, 35 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 35 (5:4). Хуршед Саломзода, 37 (5:5). Кирилл Севалов, 37 (6:5). Файзалӣ Сардоров, 40 (7:5).

Беҳтарин бозигари вохўрӣ: Кирилл Севалов («Карон»).

Сардовар: Шуҳрат Раҷабов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

 

«ДИСИ Инвест» – «Соро компания» – 7:3

Голҳо: Шавкат Ҳалимов, 5 (1:0). Фирўз Сангов, 8 (1:1). Фирўз Сангов, 16 (1:2). Шавкат Ҳалимов, 28 (2:2). Ораз Ализода, 28 (3:2). Дилшод Саломов, 30 (4:2). Собирҷон Гуляков, 31 (5:2). Собирҷон Гуляков, 35 (6:2). Сиёвуш Қаюмов, 39 (6:3). Дилшод Саломов, 40 (7:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирўз Сангов («Соро компания»), 40.

Беҳтарин бозигари вохўрӣ: Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»).

Сардовар: Беҳрўз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Пайрав Воҳидов (Душанбе).

 

«Самандар» – «Газпром» – 7:11

Голҳо: Шерзод Ҷумаев, 5 (0:1). Холмумин Ҳамроев, 8 (1:1). Содиқ Холбобоев, 10 (2:1). Меҳрубон Тиллозода, 15 (2:2). Шерзод Ҷумаев, 16 (2:3). Холмумин Ҳамроев, 19 (3:3). Содиқ Холбобоев, 19 (4:3). Меҳрубон Тиллозода, 23 (4:4). Фирдавс Тусматов, 25 (5:4). Дилшод Расулов, 25 (5:5). Фирўз Бобиев, 26 (5:6). Меҳрубон Тиллозода, 29 (5:7). Меҳрубон Тиллозода, 31 (5:8). Низом Махмаев, 31 (6:8). Дилшод Расулов, 34 (6:9). Низом Махмаев, 35 (7:9). Шерзод Ҷумаев, 36 (7:10). Фирўз Бобиев, 38 (7:11).

Беҳтарин бозигари вохўрӣ: Меҳрубон Тиллозода («Газпром»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Абдураҳмон Муродов (Турсунзода).

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 10 9 1 0 57-21 28
2 «Газпром» (Душанбе) 10 7 1 2 68-45 22
3 «Карон» (Душанбе) 13 7 0 6 78-71 21
4 «Соро компания» (Душанбе) 11 7 0 4 50-42 21
5 «Сипар» (Хуҷанд) 12 7 0 5 71-55 21
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 3 0 6 38-51 9
7  «Самандар» (Турсунзода) 12 2 0 10 41-81 6
8 «Сино» (Душанбе) 11 1 0 10 39-76 3

Нишонзанҳо: Файзалӣ Сардоров («Карон») – 24 гол, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 23 гол, Шерзод Ҷумаев («Газпром»), Некрўз Алимаҳмадов («Карон») – 22 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои навбатӣ:

3 сентябр (шанбе)

11:00 – «Сино» – «Сипар». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

4 сентябр (якшанбе)

12:30 – «Карон» – «ДИСИ Инвест». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

14:00 – «Газпром» – «Хуҷанд». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

16:00 – «Самандар» – «Соро компания». Турсунзода, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

Добавить комментарий