Футзал: ғалабаи якуми “Самандар” – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: ғалабаи якуми “Самандар”

Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта баъди танаффуси на чандон тӯлонӣ бозиҳои қисми дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд.

Яке аз вохӯриҳои марказии ин давр рӯзи 25 июл дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум миёни дастаҳои футзали “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе баргузор шуда мусовӣ 4 бар 4 анҷом ёфт. Дар ин бозӣ рекрутори АФК Вадим Баратов аз Туркманистон кори доварони футзали тоҷик Абдумалик Ғаффоров ва Эркинҷон Мадибоевро санҷиш кард.

Витсе-чемпиони футзали Тоҷикистон дастаи “Бонки миллӣ”-и пойтахт дар ин давр ба бохти дуюм дучор шуд. Бонкирҳо аз ТКБ “Лизинг” бо ҳисоби 3 бар 5 мағлуб шуданд.

Лидери чемпионат “ДИСИ Инвест” дар доираи вохӯриҳои ин давр ғалабаи ҳаштуми пайдарҳами худро таҷлил кард. Ин бор шогирдони Муҳаммади Чархоб дастаи футзали “Газпром”-ро бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 шикаст доданд.

“Самандар”-и Турсунзода бошад ба дарвозаи “Формула успеха” ду голи беҷавоб равон намуда, дар мависми футзали имсода ғалабаи нахустинро ноил шуд. Ҳар ду голи турсунзодагиҳоро Фирдавс Тусматов ба самар расонд.

Рӯзи якшанбеи 26 июл дастаҳои “Сипар” ва “Соро компания” боз бо ҳам вохӯрданд. Ин бор футзалистони хуҷандӣ ба ғалабаи калон ноил шуда, ба дарвозаи меҳмонони душанбегӣ 9 гол зада, аз жарвозаи худ 4 гол сар доданд. Дар ин бозӣ Баҳром Ёрматов аз дастаи футзали “Сипар” ба задани 4 гол муваффақ шуда, он гуна ки дар футбол мегӯянд муаллифи покер шуд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзҳои 1 ва 2 август доир мешаванд. Бозии марказии ин давр дар маҷмааи варзиши кумитаи андози Тоҷикистон миёни дастаҳои “Бонки миллӣ” ва пешсафи ҷадвали мусобиқа “ДИСИ Инвест” баргузор мешавад.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Сипар» «Соро компания» 4:4

ГолҳоФурқат Ахмеджанов, 3 (1:0). Умед Мирзораҳимов, 16 (2:0). Ҷамшед Имомов, 31 (2:1). Фирӯз Сангов, 32 (2:2). Андрей Георгиевский, 32 (3:2). Фирӯз Сангов, 35 (3:3). Сиёвуш Каюмов Сиёвуш Қаюмов, 36 (3:4). Андрей Георгиевский, 36 (4:4).

 

ТКБ «Лизинг» «Бонки миллӣ» 5:3

ГолҳоРасулов, 1 (0:1). Алимаҳмадов, 9 (1:1). Савелев, 18 (2:1). Сардоров, 19 (3:1). Назаров, 23 (3:2). Б. Шарипов, 31 (4:2). Ҷумаев, 35 (4:3). Мамедбабаев, 37 – ба дарвозаи дастаи худ (5:3).

 

«ДИСИ Инвест» «Газпром» 7:1

Голҳо: Раупов, 9 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Фармонбеков, 20 (2:0). Насруллоҳ А., 28 (3:0). Фамонбеков, 31 (4:0). Раҳмонов, 34 (5:0). Ализода, 41 (6:0). Чархоб, 48 (7:0). Тиллозода, 49 (7:1).

 

«Самандар» «Формула успеха» 2:0

Голҳо: Фирдавс Тусматов, 37 (1:0). Фирдавс Тусматов, 47 (2:0).

 

«Сипар» «Соро компания» 9:4

Голҳо: Мирзораҳимов, 3 (1:0). Ёрматов, 11 (2:0). Меҳмонов, 13 (3:0). Ёрматов, 17 (4:0). Сангов, 17 (4:1). Ҳабибуллоев, 20 (4:2). Ахмеджанов, 22 (5:2). Ёрматов, 24 (6:2). Наимов, 35 – ба дарвозаи дастаи худ (7:2). Саидов, 36 (7:3). Сангов, 38 (7:4). Ёрматов, 38 (8:4). Ёрматов, 39 (9:4).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 8 8 0 0 47-11 24
2 «Соро компания» (Душанбе) 9 6 1 2 41-42 19
3 «Сипар» (Хуҷанд) 12 5 1 6 39-34 16
4 «Газпром» (Душанбе) 7 3 1 3 21-22 10
5 ТКБ «Лизинг» (Душанбе) 7 1 3 3 16-26 6
6 «Формула успеха» (Душанбе) 7 1 1 5 12-27 4
7 «Самандар» (Турсунзода) 7 1 1 5 20-32 4
8 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 3 1 0 2 10-11 3

 

Тақвими бозиҳои навбатӣ:

1 август (шанбе)

16.00 – «Сипар» – ТКБ «Лизинг»

2 август (яешанбе)

12.00 – «Формула успеха» – «Соро компания»

13.00 – «Газпром» – «Самандар»

18.00 – «Бонки миллӣ» – «ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий