Футзал: ғалабаи боиродаи «ДИСИ Инвест» бар «Газпром» – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: ғалабаи боиродаи «ДИСИ Инвест» бар «Газпром»

Дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта ду бозӣ доир гардид.

Чемпиони феълии футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвест”-и Душанбе бар “Газпром” бо ҳисоби 5 бар 1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ ҳисобро дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ бозигари “Газпром” Меҳрубон Тиллозода боз кард. Баъди танаффус бошад футзалбозони “ДИСИ Инвест” ба дарвозаи “Газпром” 5 голи беҷавоб заданд. Муҳаммад Раҳмонов бо Дилшод Саломов ба задани ду голӣ ва Ораз Ализода ба задани як гол муваффақ шуданд.

Дар бозии дигар “Соро компания” аз “Карон” бо ҳисоби 5 бар 6 мағлуб шуд. Командаи Пайрав Воҳидов дар ин бозӣ бар витсе-чемпиони футзали Тоҷикистон ғолиб гардид. Ду голи ғолибонро Файзалӣ Сардоров ба самар расонд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Соро компания» – «Карон» – 5:6

Голҳо: Сиёвуш Қаюмов, 8 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 15 (1:1). Фирӯз Сангов, 19 (2:1). Фирӯз Сангов, 23 (3:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 25 (3:2). Акбар Ортуков, 31 (4:2). Кирилл Севалов, 34 (4:3). Файзалӣ Сардоров, 35 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 37 (4:5). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 38 (4:6). Сиёвуш Қаюмов, 40 (5:6).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров («Карон»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

 

«Газпром» – «ДИСИ Инвест» – 1:5

Голҳо: Меҳрубон Тиллозода, 10 (1:0). Дилшод Саломов, 28 (1:1). Ораз Ализода, 31 (1:2). Дилшод Саломов, 34 (1:3). Муҳаммад Раҳмонов, 38 (1:4). Муҳаммад Раҳмонов, 40 (1:5).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 8 8 0 0 44-12 24
2 «Соро компания» (Душанбе) 10 7 0 3 47-35 21
3 «Сипар» (Хуҷанд) 12 7 0 5 71-55 21
4 «Газпром» (Душанбе) 8 6 0 2 51-32 18
5 «Карон» (Душанбе) 12 6 0 6 72-67 18
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 3 0 6 38-51 9
7 «Самандар» (Турсунзода) 11 2 0 9 34-70 6
8 «Сино» (Душанбе) 10 1 0 9 34-69 3

Нишонзанҳо: Некрӯз Алимаҳмадов («Карон») – 23 гол, Шерзод Ҷумаев («Газпром»), Файзалӣ Сардоров («Карон») – 21 голӣ, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 19 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои навбатӣ:

24 август (чоршанбе)

18:00 – «ДИСИ Инвест» – «Газпром». Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

28 август (якшанбе)

11:00 – «Карон» – «Сино». Маҷмааи варзишии «Таджикгосстандарт»

16:00 – «ДИСИ Инвест» – «Соро компания». Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

18:00 – «Самандар» – «Газпром». Маҷмааи варзишии «Самандар»

12:00 – «Сипар» – «Хуҷанд». Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»

Добавить комментарий