Футзал: 5 март бозиҳои марҳилаи дуюми Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: 5 март бозиҳои марҳилаи дуюми Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд

Рӯзи шанбеи 5-уми март, бозиҳои марҳилаи дуюми Ҷоми Тоҷикистон мешаванд. Дар ин рӯз панҷ вохӯрӣ – чор бозӣ дар Душанбе ва як бозӣ дар Гулистон баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Елчибек Елчибеков рӯзи 5-уми март дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар микрорайони 46-уми пойтахт чор бозӣ доир мешавад. Соати 15:00 дастаҳои ТКБ «Лизинг» ва ДИСИ Инвест» бо ҳам рақобат мекунанд. Соати 16:00 бошад, дастаҳои футзали «Газпром»-и пойтахт ва «Эсхата»-и Кӯлоб вориди рақобат мешаванд. Вохӯрӣ миёни футзалистони «Формула-55» ва «Самандар»-и Турсунзода соати 17:00 шурӯъ мегардад. Дар бозии ҷамъбастӣ, соати 18:00 футзалистони «Соро компания»-и Душанбе бо «Шапарак»-и Хуҷанд рӯбарӯ мешаванд. Дар ин рӯз, инчунин дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум «Сипар»-и Хуҷанд бо «ДИСИ Инвест-2» вомехӯранд.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми футзали Тоҷикистон баъд аз як ҳафта, рӯзи 12 март доир хоҳанд шуд.

 

Ҷоми футзали Тоҷикистон. Марҳилаи дуюм. Бозиҳои аввал

5 март (шанбе)

15:00 – ТКБ «Лизинг» (Душанбе) – «ДИСИ Инвест» (Душанбе). Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (микрорайони 46-ум)

16:00 – «Газпром» (Душанбе) – «Эсхата» (Кӯлоб). Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (микрорайони 46-ум)

17:00 – «Формула-55» (Душанбе) – «Самандар» (Турсунзода). Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (микрорайони 46-ум)

18:00 – «Соро компания» (Душанбе) – «Шапарак» (Хуҷанд). Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (микрорайони 46-ум)

14:00 – «Сипар» (Хуҷанд) – «ДИСИ Инвест-2» (Душанбе). Гулистон, маҷмааи варзишии  «Шоҳин»

Добавить комментарий