Футболи кӯдакону наврасон: мусобиқа болои мусобиқа! – Федерация Футбола Таджикистана

Футболи кӯдакону наврасон: мусобиқа болои мусобиқа!

Дастаҳои финалисти марҳилаи ниҳоии сабқати ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон аз минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон муайян шуданд.

Марҳилаи вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 ва 2002-2003 дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҷамъбаст гардид. Имрӯз бошад дастаҳои финалист байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 муайян гаштан. Дар мусобиқа 13 дастаи футбол аз шаҳру ноҳияҳои Шаҳритӯс, Ҷиликул, Кумсангир, Сарбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Норак, Носири Хисрав, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Панҷ, Бохтар ва Қӯғонтеппа иштирок намуданд. Мутобиқи қуръакашӣ дастаҳои иштирокчӣ ба чор гурӯҳ ҷудо карда шуданд. Ғолибони гурӯҳҳо соҳиби роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ гаштанд. Ба иттилои мутахассиси пешбари шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Эраҷ Носеҳов, барои минтақаи Қӯрғонтеппаро дар марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ дар ин синну сол муаррифӣ намудан, дастаҳои футболи наврасони шаҳри Норак ва ноҳияи Бохтар рақобат мекунанд. Ҳар дуи ин дастаҳо ҳарифони худро тавассути силсилаи зарбаҳои пеналти мағлуб намуда, ба бозии ниҳоӣ баромаданд. Вақти асосӣ дар бозӣ байни дастаҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Қумсангир 1 бар 1  анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналти бошад бахти норакиҳо хандид ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуданд. Дар бозии дувуми нимниҳоӣ байни дастаҳои наврасони ноҳияҳои Бохтару Вахш бошад, вақти асосӣ 2 бар 2 анҷом ёфт ва дар лотореяи футболӣ кори наврасони бохтарӣ омад кард- 4:2.

Ба ин тартиб, пагоҳ, 8 август, дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои футболи наврасони ноҳияҳои Қумсангиру Вахш рақобат мекунанд. Оғози ин бозӣ соати 8.00. Баъдтар соати 9. 30 дар бозии ҳалкунанда наврасони шаҳри Норак ва ноҳияи Бохтар бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ҳардуи ин бозиҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешаванд. Баъди анҷоми бозиҳои финалӣ маросими ботантанаи мукофотонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа доир мегардад.

Инчунин дар ин ҳафта, дар шаҳри Кӯлоб низ марҳилаи вилоятии ин мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 оғоз гардид. Ба иттилои мутахассиси шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи мамлакат Субҳон Хуҷамов, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявии ин сабқат, дастаҳои футболи наврасони ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Восе, Данғара, Фархор, Шӯрообод ва дастаи наврасони шаҳри Кӯлоб талош карданд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи пешакӣ наврасони Ҳамадониву Кӯлоб барои ҷои аввал ва дастаҳои Шӯроободу Данғара барои зинаи сеюм вомехӯранд. Бозиҳои ҳалкунанда, пагоҳ, 8 август, доир мешаванд.

Қобил ба ёдоварист, ки ҳамзамон бо мусобиқаҳо Федератсияи футболи мамлакат барои наврасону кӯдакон  барномаи маданӣ фароғатиро низ роҳандозӣ намудаст. Барои иштирокчиёни марҳилаи вилоятӣ зиёфати идона – оши палави тоҷикӣ ташкил карда шуд.

Добавить комментарий