Футболи кӯдакону наврасон: финалистони мусобиқа маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Футболи кӯдакону наврасон: финалистони мусобиқа маълум шуданд

Дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа марҳилаи вилояти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ футболи кӯдакону наврасон ба анҷом расид. Дастаҳои футболи наврасони ноҳияи Ҳамадонӣ (солҳои таваллудашон 2002-2003) ва дастаи футболи наврасони Норак (солҳои таваллудашон 1998-1999) соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардиданд. Марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Қаблан  марҳилаи вилоятии ин мусобиқа дар минтақаи Қӯрғонтеппа байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 ва 2002-2003 гузаронида шуд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бошад, финалисти ин мусобиқа ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 маълум гашт. Соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ дар ин синну сол аз минтақаи Қӯрғонтеппа дастаи футболи наврасони шаҳри Норак гардид. Норакиҳо дар бозии ниҳоии марҳилаи вилоятӣ бар ҳамсолони бохтарии худ бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 пирӯз шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад дастаҳои футболи наврасони ноҳияҳои Қумсангиру Бохтар рақобат карданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи наврасони қумсангирӣ хандид ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 2 ғолиб шуданд.

Ба ин тартиб аз минтақаи Қӯрғонтеппа ба марҳилаи финалии ҷумҳуриявии мусобиқа дар синну соли 2002-2003 дастаи ноҳияи Бохтар, дар синну соли 2000-2001 дастаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар синну соли 1998-1999 бошад дастаи футболи шаҳри Норак соҳиби роҳхат шуданд.

Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи вилоятии ин мусобиқа дар минтақаи Кӯлоб миёни дастаҳои футболи наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 доир шуд. Аз рӯи натоиҷи қаблии мусобиқа ба бозии финалӣ дар минтақаи Кӯлоб дастаҳои футболи ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб баромаданд. Вақти асосии ин вохӯрӣ мусови ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналти бошад, кори наврасони ноҳияи Ҳамадонӣ омад кард ва бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуданд. Барои ҷои сеюм дастаҳои ноҳияҳои Шӯроободу Данғара рақобат карданд. Вақти асосии ин бозӣ низ 0 бар 0 анҷом шуд. Тавассути зарбаҳои пеналти бошад, ғалаба бо ҳисоби 2 бар 0 насиби дастаи ноҳияи Данғара шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорони марҳилаи вилоятӣ Ҷому медалҳо ва диплому ифтихорномаҳо супорида шуд.

Добавить комментарий