Футболи кӯдакон: “Бохтариён” – ғолиби минтақаи Қӯрғонтеппа – Федерация Футбола Таджикистана

Футболи кӯдакон: “Бохтариён” – ғолиби минтақаи Қӯрғонтеппа

Имрӯз, 27 июл, дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа марҳилаи вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2002-2003 ба анҷом расид. Барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа 13 даста талош карданд.

Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим карда шуданд. Аз рӯи натиҷаи гурӯҳӣ дастаҳои “Чашма” (Шаҳритӯс), “Арал” (Абдураҳмони Ҷомӣ), “Барқ” (Норак) ва “Бохтариён” ( Бохтар) соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқа шуданд. Дар бозиҳои нимфиналӣ “Барқ” бо ҳисоби 3 бар 0 бар ҳамсолони худ аз дастаи “Чашма” пирӯз шуда, “Арал” бар “Бохтариён” бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гардид. Аммо санҷиши гузаронидаи ташкилкунандагони мусобиқа муайян кард, ки дар ҳайати дастаи “Арал” бозигарони сину солашон тартиби баргузории мусобиқаро халалдоркунанда бозӣ карданд ва мувофиқи низомнома ба даста бохти фаннӣ (техникӣ) бо ҳисоби 0 бар 3 ҳисобида шуда, мутаносибан бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи “Бохтариён” ғолиб дониста шуд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Арал” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 бар “Чашма” пирӯз шуд. Дар бозии финалӣ бошад “Бохтариён” бо ҳисоби 2 бар 0 бар “Барқ” ғолиб шуда, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа гардид. Акнун дастаи ноҳияи Бохтар дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад, минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлонро муаррифӣ мекунад.

20150727_105447

Добавить комментарий