Дар арафаи таҷлили 70-солагии Рӯзи Ғалаба бозигарон ва ҳайати роҳбарикунандаи чемпиони секаратаи Тоҷикистон ”Истиқлол”- и Душанбе аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карданд.
Ба иттилои торнамои расмии клуби футболи пойтахт, субҳи рӯзи 8 май бозигарони “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷамъ омада, ба чор гурӯҳ тақсим шуданд ва ба табрики собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар пойтахти кишвар зиндагӣ мекунанд, сафарбар шуданд.
Аз номи клуби футболи “Истиқлол” ба чор нафар собиқадорони ҶБВ – Павел Иванович Корнаухови 91-сола, Раҳмон Самадович Самадови 94-сола, Фёдор Матвеевич Гришини 94-сола ва Ёқуб Усмонови 100-сола гулдастаҳо ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонигӣ тӯҳфа карда шуд.
Бозигарони “Истиқлол” ба собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ барои шуҷоату ҷавонмардияшон изҳори сипосгузории самимонаи худро баён намуданд. Аз фурсати муносиб истифода карда, намояндагони клуби футболи пойтахт собиқ корманди ВКД Фёдор Матвеевич Гришинро, ки пагоҳ дар рӯзи Ғалаба ҷашни мавлуд дорад, самимона муборакбод намуданд.
Собиқадорони ҶБВ ба футболбозони клуби футболи пойтахт дар бораи корнамоиву қаҳрамонии худ ва ҳазорон нафар ҳамватанонамон дар хатҳои пеши ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳмати ақибгоҳиён қиссаҳо карданд.
P.S. Ҳаминро бояд илова намуд, ки ин иқдоми ҳайати роҳбарикунанда ва бозигарони “Истиқлол” сазовори ситоиш аст. Зеро ба андешаи инфиродии мо, бо собиқадорони мудҳиштарин фоҷиаи ба сари башарият овардаи миллатгароён – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамсӯҳбат шуда, ҳиси ватанхоҳиву миҳаншиносии бозигарони “Истиқлол” дучанд мешавад. Бозигарони “Истиқлол” бошанд, асос ва устухонбандии тими миллии кишварро ташкил мекунанд. Дар пеши онҳо вазифаи шарафи футболи Ватанро дар Ҷоми КФО ва марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 сарбаландона ҳимоя кардан меистад. Мо боварӣ дорем, ки дар ин сабқатҳои бонуфузи байналмилалӣ бачаҳои “Истиқлол” пайрави ҷадди баору номус ва шарафанди худ ҳастанд.