Футболбози тоҷик дар бошгоҳи Шветсия – Федерация Футбола Таджикистана

Футболбози тоҷик дар бошгоҳи Шветсия

Ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Шаҳром Сулаймонов дар двизиони олии чемпионати Шветсия дар бошгоҳи футболи «Хеккен» бозӣ хоҳад кард.  Ба иттилои бародари Шаҳром – Шаҳзод Сулаймонов, бошгоҳи футболи «Хеккен» ҳуқуқҳои марбут ба Шаҳромро аз бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон харидорӣ намудаст. Шаҳром Сулаймонов қаблан дар ҳайати ҷавонони бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон бозӣ мекард.

Шаҳром Сулаймон соли 2009 дар ҳайати ҷавонони «Рубин»-и Қазон бозӣ кардааст. Соли 2014 ӯ беҳтарин бозигари қисмати финалии мусобиқаи Россия миёни футболбозони соли таваллуди 1997 эътироф гардид.

Дар мавсими сипаришудаи чемпионати Шветсия «Хеккен» миёни 16 даста, мақоми ҳафтумро ишғол карда буд. Чемпионати имсолаи двизиони олии Шветсия 6 апрел шурӯъ мешавад.

Добавить комментарий