Футболбоздухтарони Покистон ба Душанбе намеоянд – Федерация Футбола Таджикистана

Футболбоздухтарони Покистон ба Душанбе намеоянд

Дастаи мунтахаби футболи бонувони то синни 19-солаи Покистон аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 даст кашид. Мусобиқа моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад.

Алоқамандона ба даст кашидани дастаи Покистон аз иштирок дар марҳилаи интихобии мусобиқа, Конфедератсияи футболи Осиё муҳлати баргузории бозиҳоро дар гурӯҳи «В» тағйр кард. Акнун дар ин гурӯҳ чор даста иштирок хоҳад кард. Марҳилаи интихобӣ дар Душанбе аз 27 то 31 октябр доир мешавад ва бозиҳо дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаранд.

Дар марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-19) бо мунтахабҳои занонаи Узбекистон (27 октябр), Тайбэи Чин (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 сола ҳамагӣ чор гурӯҳ созмон дода шуда буд. Танҳо дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа шуда, ба чор дастаи беҳтарини охирин мусобиқаи қитъавӣ – Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳамагӣҳашт даста иштирок мекунанд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 сола соли оянда баргузор мешавад.

 

Чемпионати Осиё -2017 байни мунтахабҳои духтаронаи то сини 19 сола

Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

27 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Тайбэйи Чин – Ҳонконг

17:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

29 октябр (шанбе)

14:00 – Ҳонконг – Узбекистон

17:00 – ТОҶИКИСТОН – Тайбэйи Чин

 

Даври 3-юм

31 октябр (душанбе)

14:00 – Узбекистон – Тайбэйи Чин

17:00 – Ҳонконг – ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий