Футболбоздухтарони Душанбе ғолиби мусобиқа дар Норак шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Футболбоздухтарони Душанбе ғолиби мусобиқа дар Норак шуданд

Мусобиқа байни дастаҳои футболи занона, ки бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид, бо ғалабаи дастаи футболи бонувони МҶМОВ поён ёфт.

Он гуна, ки ба мо роҳбари шӯъбаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратулоева хапбар дод, мусобиқа аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқат бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида шуд.

Мусобиқа панҷ рӯз идома ёфта, дар он панҷ даста аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иштирок кард. Мувофиқи Низомномаи баргузорӣ бозиҳои мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои МҶМОВ (Душанбе) ва “Вахш” (Қӯрғонтеппа) шумораи якхелаи иммтиёзҳоро соҳиб шуданд, аммо аз ҳисоби шумораи бештари голҳои задашуда, дастаи шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуд. Ҷои сеюмро бо шаш имтиёз дастаи футболи занонаи “Хатлон-2” ишғол кард.

Ғолибону ҷоизадорон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона:

Даври 1-ум

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хатлон-2» – 1:1

«Барқ» (Норак) – МҶМОВ (Душанбе) – 2:7

Даври 2-юм

«Регар» (Турсунзода) – ММҶМОВ (Душанбе) – 1:3

«Хатлон-2» – «Барқ» (Норак) – 2:0

Даври 3-юм

«Регар» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 0:1

«Хатлон-2» – МҶМОВ (Душанбе) – 0:0

Даври 4-ум

«Регар» (Турсунзода) – «Барқ» (Норак) – 5:0

«Вахш» (Қӯрғонетепа) – МҶМОВ (Душанбе) – 1:1

Даври 5-ум

«Регар» (Турсунзода) – «Хатлон-2» – 2:2

«Барқ» (Норак) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:3

    Б Ғ М Б Т И
1 МҶМОВ (Душанбе) 4 2 2 0 11-4 8
2 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 4 2 2 0 6-3 8
3 «Хатлон-2» 4 1 3 0 5-3 6
4 «Регар» (Турсунзода) 4 1 1 2 8-6 4
5 «Барқ» (Норак) 4 0 0 4 3-17 0

Добавить комментарий