Фурӯши билетҳои бозии Тоҷикистон – Фаластин оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши билетҳои бозии Тоҷикистон – Фаластин оғоз шуд

Ба таваҷҷӯҳи мухлисоне, ки рӯзи 5-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ нияти тамошои бозии санҷишии байналмилалии тимҳои миллии Тоҷикистону Фаластинро доранд.

Сар аз имрӯз, дар кассаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ фурӯши билетҳои тамошои бозӣ оғоз шуд. Билетҳои воридшавӣ ба тамошои бозӣ, ҳамагӣ 10 сомонӣ арзиш доранд.

Арзиши VIP-билетҳо бошад, 499 сомониро ташкил медиҳад ва хоҳишмандон метавонанд, тавассути сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар қисмати «Забронироват VIP-места», дар зери эълони бозӣ онро дастрас кунанд.

Ёдрас мешавем, бозии санҷишии байналмилалӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Фаластин рӯзи 5-уми октябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Бозиро ҳайати доварон аз Қазоқистон бо сардории Денис Измайлов хизматрасонӣ мекунад.

Добавить комментарий