Фурӯши билетҳо ба бозии Тоҷикистон – Қирғизистон аз рӯзи 24 март оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши билетҳо ба бозии Тоҷикистон – Қирғизистон аз рӯзи 24 март оғоз мешавад

Фурӯши билетҳо ба бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 24 март шурӯъ мешавад. Мухлисон метавонанд билетҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ харидорӣ намоянд.

Билетҳо ба бозии Тоҷикистон – Қирғизистон се навъ мешаванд: дараҷаи якум,  VIP ва VVIP.

Билетҳои дараҷаи якум. Ин билетҳо 20 сомонӣ арзиш дошта барои секторҳои курсиҳояшон зард, сурх ва кабуд фурӯхта мешаванд. Мухлисоне, ки ин навъи билетҳоро харидорӣ намуданд, танҳо аз минбарҳои дар боло зикршуда бозиро тамошо мекунанд.

VIP. Нархи билет – 50 сомони. Ин навъи билетҳо барои сектори курсиҳояш сабзи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ фурӯхта мешаванд.

VVIP. Нархи билет – 1000 сомонӣ. Мухлисоне, ки ин навъи билетҳоро харидорӣ намуданд бозиро аз нишастгоҳи бароҳати варзишгоҳи марказӣ тамошо мекунанд. Илова бар ин, дар танаффуси бозӣ онҳо метавонанд аз нуқтаи махсуси ғазохӯрӣ истифода намоянд.

Ҳаминро бояд илова кунем, ки айни замон ҳамаи билетҳо барои минбари VVIP фурӯхта шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад. Инро низ ба мухлисон тавсия медиҳем, ки дар рӯзи бозӣ 2 – 3 соат пеш аз оғози вохӯрӣ ба варзишгоҳ биёянд.

Добавить комментарий