Фирӯз Бекмуродов: «Бохт ҳамеша аламовар аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Фирӯз Бекмуродов: «Бохт ҳамеша аламовар аст»

Дарвозабони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов, дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 муқобили Тайланд (4:3) дар Тошканди Узбеистон хуб бозӣ карда, маҳорати фавқулода нишон дод. Фирӯз зиёда аз 20 зарбаи ба дарвоза задаи бозигарони тайландиро баргардонда, бар замми ин, ҳангоми задани голи чоруми дастаи мо дар ҳамла низ иштирок намуд. Бекмуродов назари худро оиди бозии дирӯза чунин баён кард:

«Дар чунин бозиҳо мағлуб шудан, ҳамеша аламовар аст. Мо муқобили дастаи фаворити гурӯҳ ва яке аз мунтахабҳои муддаии асосии медалҳои мусобиқа бозӣ кардем. Мунтахаби Тайланд бисёр дастаи пурқувват аст. Бозигаронаш соҳибтаҷриба мебошанд. Фикр мекунам, ки имрӯз толеъи футболӣ аз мо рӯй гардонд. Кори мунтахаби Тайланд омад кард, ки онҳо ғолиб шуданд. Ба бачаҳои ҳамдастаи худ барои худфидоияшон изҳори сипосгузорӣ мекунам. Мо кӯшиш кардем ва ба тамоми қувва талош кардем, ки муваффақ шавем, мутаассифона, андаке бахтаммон нахандид. Акнун ба бозӣ муқобили Ветнам омода мешавем. Сидқан кӯшиш мекунем, ки дар ин бозӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст биёрем» – гуфт, Фирӯз Бекмуродов ба сомонаи расмии Федератсяи футболи Тоҷикистон.

Добавить комментарий