Финалистони Ҷоми Александр Кирсанов оид ба футзал маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Финалистони Ҷоми Александр Кирсанов оид ба футзал маълум шуданд

Дастаҳои финалисти сабқати ҷумҳуриявии футзал барои дарёфти Ҷоми гиромидошти собиқадори футболи тоҷик, бозигари маъруфи дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов маълум шуданд.

Имрӯз, 25 декабр, бозиҳои нимфиналии мусобиқа доир гардиданд. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «Ҳаваскорон» баромад мекунад, дар бозии 1/2 финали бар футзалистони «Динамо» бо ҳисоби 7 бар 4 пирӯз шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаҳои «Рӯдакӣ» ва СПКиО рақобат карданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 поён ёфт. Дар задани пеналтиҳо бошад, кори футзалистони «Рӯдакӣ» омад кард ва бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.

Дар гурӯҳи «Собиқадорон» бошад, дастаҳои ДМ ВКД ва Академияи футболи «Истиқлол» ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар ин гурӯҳ барои ҷои сеюм дастаҳои футзали «Авиатор» ва «Ирригатор» рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «Касбиён» бошад, барои медалҳои тилло футзалистони дастаҳои «Бонки миллӣ» ва «Газпром» рӯбарӯ мешаванд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Антикоррупсия» ва «Вавило» бо ҳам бозӣ мекунанд.

Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа узи якшанбеи 27 декабр доир мешаванд.

Добавить комментарий