Филиппин, Яман ва Непал – рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 – Федерация Футбола Таджикистана

Филиппин, Яман ва Непал – рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019

Дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахабҳои миллии Филиппин, Яман ва Непал бозӣ мекунад.

Қуръакашии марҳилаи мазкур рӯзи 23 январ дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу-Даби баргузор шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 барои бори аввал аст, ки 24 мунтахаб иштирок хоҳанд кард. 12 мунтахаб аллакай маълум аст. Инҳо дастаҳое мебошанд, ки айни замон дар марҳилаи интихобии сеюми  Ҷоми ҷаҳон-2018  баромад доранд. Ба ин шумора шомил мешаванд: Австралия, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Таиланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб. 24 мунтахаб барои 12 роҳхати боқимонда дар марҳилаи интихобӣ талош хоҳанд кард.

Бар асоси қуръакашии имрӯзаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019  шаш гурӯҳи чор дастагӣ созмон дода шуд, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввал ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Ёдрас мешавем, ки дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон рӯзи 28 март дар сафар бо мунтахаби Яман вомехӯрад. Дар даври дуюм санаи 13 июн бошад, дружинаи Ҳаким Фузайлов дар майдони худ бо тими миллии Филиппин рақобат мекунад. Дар даври сеюми мусобиқа, ки 5 сентябр доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сафар бо мунтахаби Непал вомехӯрад. Даври чоруми мусобиқа  рӯзи 10 октябр доир мегардад ва дар он тими миллиямон дар майдони худ бо мунтахаби Непал рақобат мекунад. Дар даври пеш аз ҷамъбастии панҷум бошад, командаи Ҳаким Фузайлов рӯзи 14-уми ноябр дар майдони худ бо тими миллии Яман рӯбарӯ мешавад. Бозии ҷамъбастии худро дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 27 марти соли 2018 дар сафар муқобили Филиппин мегузаронад.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019

Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянма, Макао.

Гурӯҳи «В»: ҶХДК, Ҳонконг, Лубнон, Малайзия.

Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «D»: Умон, Фаластин, Молдив, Бутан.

Гуруҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайван, Сингапур.

Гурӯҳи «F»: Филиппин, ТОҶИКИСТОН, Яман, Непал.

Добавить комментарий