ФФВС беҳтаринҳои мавсими футболи имсоларо қадрдонӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

ФФВС беҳтаринҳои мавсими футболи имсоларо қадрдонӣ кард

Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФВС) рӯзи чоршанбеи 23 декабр, натиҷаи мавсими футболи солро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро қадрдонӣ кард.

Он гуна, ки котиби масъули Федератсияи футболи вилоят Аҳлиддин Юнусов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, беҳтарин бозигари соли 2015 ниммуҳофизи  «Спитамен» Фаррух Тӯхтабоев дониста шуд. Беҳтарин бозиари футболи кӯдакону наврасон  Абусамад Самадов аз «Ли-Нинг»-и Хуҷанд ва беҳтарин мураббии футболи кӯдакон Аҳрор Ғафуров аз МВКН №1-и шаҳри Хуҷанд эътироф гардиданд. Шамсигули Қимматгул беҳтарин бозигари футболи бонувон дар вилояти Суғд шинохта шуд. Номинатсияи беҳтарин бозигари футзалро бошад, бозигари дастаи «Сипар» ва мунтахаби милии футзали Тоҷикистон Умед Мирзораҳимов Соҳиб шуд.  Хуршед Дадобоев беҳтарин довари вилоят дар соли 2015 дониста шуд.

 

Ҷоизадорони мавсими футболи соли 2015 дар вилояти Суғд:

Беҳтарин бозигари футболи кӯдакону наврасон – Абдусамад Самадов («Ли-Нинг», Хуҷанд)

Беҳтарин мураббии футболи кӯдакон – Аҳрор Ғафуров (МВКН №1 Хуҷанд)

Беҳтарин бозигари футболи бонувон – Шамсигули Қимматгул (Хуҷанд)

Беҳтарин мураббии футболи бонувон – Иномҷон Муҳитдинов (мунтахаби футболи бонувони вилоят)

Беҳтарин мураббии дастаи собиқадорон – Асрор Шораҷабов («Истаравшан»)

Беҳтарин бозигари футзал – Умед Мирзораҳимов («Сипар»)

Довари беҳтарин – Хуршед Дадобоев (Хуҷанд)

Беҳтарин дарвозабон – Маҳмадраҷаб Раҳматов («Оли Сомон»)

Беҳтарин муҳофизатгар – Дониёр Умаров («Спитамен»)

Беҳтарин ниммуҳофизатгар – Фаррух Тухтабоев («Спитамен»)

Нишонзани беҳтарин – Дилмурод Донаев («Ашт»)

Беҳтарин футболбоз – Фаррух Тухтабоев («Спитамен»)

Мураббиёни беҳтарин – Ҷумабой Охунов («Оли Сомон») ва Раҳмоналӣ Абдуллоев («Спитамен»)

ffso2ffso3ffso4ffso5

Добавить комментарий