ФФТ муддаии ҷоизаи «Ассотсиятсияи милии рушдёбандаи сол»-и КФО – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ муддаии ҷоизаи «Ассотсиятсияи милии рушдёбандаи сол»-и КФО

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати номзадҳоро барои ҷоизаҳои худ дар соли 2015 интишор сохт. Хурсандиовар аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҳамчун муддаии «Ассотсиатсияи миллии рушдёбандаи соли КФО» (AFC Member Association of the Year – Developing category) номнавис шудааст. Ба ғайр аз ФФТ ба ин ҷоиза Федератсияҳои футболи Ҳонгконг ва Ветнам талабгор мебошанд.

Маросими ҷамъбасти мавсими футбол ва ҷоизасупории Конфедератсияи футболи Осиё  («AFC Annual Awards 2015»), ки дар он ҳаммаи ҷоизадорони мавсими имсолаи футболи Осиё номбар мешаванд, рӯзи 29 ноябр дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзоев муаррифӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Конфедератсияи футболи Осиё, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба гирифтани ҷоизаи президенти КФО оиди рушду инкишофи футболи кӯдакон ва оммавӣ («AFC President Recognition Award for Grassroots Football») шарафёб шуд.

Добавить комментарий