ФФТ дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи интихобии чемпионати Осиё оид ба футзалро дархост кард – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи интихобии чемпионати Осиё оид ба футзалро дархост кард

Федератсияи футболи мамлакат барои дар Тоҷикистон байни дастаҳои Осиёи Марказӣ гузаронидани марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дархост дод.

Ба сифати макони баргузории марҳилаи интихобии ин мусобиқа ФФТ маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷандро пешниҳод намуд. Маҷмааи мазкур 2670 ҷои нишаст дошта, соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ чор даста – Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки аз 9 то 20 феврали соли 2016 дар Узбекистон баргузор мешавад, аз минтақаи Осиёи Марказӣ ду даста роҳхат мегиранд.

Добавить комментарий