ФФТ дар Конибодом ду майдончаи футболбозии замонавӣ сохт – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ дар Конибодом ду майдончаи футболбозии замонавӣ сохт

Дар Боғи марказиии маданиву истироҳатии шаҳри Конибодом, рӯзи якшанбеи 3 июн аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ду майдончаи футболбозии сабзаашон сунъӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдонҳои мазкур раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ, ки ҳамзамон вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳрро низ бар дӯш дорад ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ба ҳамаи иштирокчиёни сохтмони майдонҳои мазкур миннатдорӣ баён карданд.

Сохтмони майдонҳои мазкур, моҳи феврал оғоз шуда, дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта, мавриди баҳрабардории васеи аҳолӣ қарор дода шуданд. Бовар дорем ин майдонҳо барои оммавият ва рушду инкишофи ин намуди зебои варзиш байни мардуми шаҳри Конибодом хизмат хоҳанд кард.

Добавить комментарий