ФФТ дар Кӯлоб ду майдончаи футболбозии сабзааш маснӯӣ месозад – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ дар Кӯлоб ду майдончаи футболбозии сабзааш маснӯӣ месозад

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ду майдончаи футболбозии сабзаашон маснӯӣ месозад. Маросими гузоштани санги асоси ин бинои нави варзишӣ ҳангоми сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август ба шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Дар маросими ботантанаи гузоштани санги асоси майдончаҳои футболбозии сабзаашон маснӯӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев низ ширкат намуд.

Майдончаҳои футболбозии сабзаашон маснӯии мазкур, ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, дар паҳлӯи ҳавзи нави шиноварии имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарордодашуда сохта мешаванд.

Дар паҳлӯи майдончаҳо нишастгоҳ барои 150 нафар сохташуда, то охири соли ҷорӣ  ба истифода дода мешаванд.

001100220033

Добавить комментарий