ФФТ ба кӯдакони вилояти Суғд 750 дона тӯб ҳадя кард – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ба кӯдакони вилояти Суғд 750 дона тӯб ҳадя кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон доираи фаъолияти Фестивалҳояшро миёни кӯдакони ҷумҳурӣ васеътар гардонид. Ҳафтаи гузашта чорабиниҳои мазкур дар шаҳрҳои Истаравшан, Чкаловск ва Конибодоми вилояти Суғд ташкилу баргузор гардонида шуданд.

Дар Фестивалҳои дар вилояти Суғд баргузоршуда, ба кӯдакони чордаҳ шаҳру навоҳии ин минтақаи кишвар аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат, дар маҷму 750 дона тӯби тамғаи “шевролет” аз рӯи барномаҳои “Asian Football Development Project” ва “One World Play Project”-и Конфедератсияи футболи Осиё тақдим карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии футбол байни кӯдакон ва вусъат бахшидан ба рушду инкишофи он мебошад.

Добавить комментарий