ФФТ ба кӯдакони Хатлонӣ 700 дона тӯб тақдим кард – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ба кӯдакони Хатлонӣ 700 дона тӯб тақдим кард

Рӯзи чоршанбеи 20 август дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Румӣ Фестивалҳои футболии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои кӯдакони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гардида, ба иштирокчиёни Фестивал 700 дона тӯб ҳадя карда шуд.

Фестивали якум дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд. Дар чорабинӣ дар баробари кӯдакони маркази вилояти Хатлон, ҳамсолонашон аз шаҳри Сарбанд, инчунин ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

Фестивалро бо сухани ифтитоҳӣ дастурдиҳандаи ботаҷрибаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Домлоҷонов ҳусни оғоз бахшида, барои кӯдакон таҳти мусиқии варзишӣ машғулияти аввалии омодагиро гузаронд. Баъдан кӯдакон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар майдончаҳои пешакӣ бо таҷҳизоти варзишии зарурӣ омодашуда, ба омӯзиши малакаҳои нахустини футболӣ шуру карданд. Тамринҳо иборат аз дриблинг, зарбазанӣ ба дарвоза, маҳорати дарвозабонӣ ва ғайраҳо иборат буда, ба кӯдакон хеле писанд омаданд. Дар анҷом ба ҳар як кӯдаки иштирокчии Фестивал тӯбҳои футболбозии “шевролет”-и барономҳои “Asian Football Development Projec” ва “One World Play Project”-Конфедератсияи футболи Осиё тақдим гардид. Ҳамагӣ дар ин Фестивал ба кӯдакон 350 дона тӯб тақдим карда шуд. Тӯбҳои “Ultra durable balls” навъи универсалӣ буда намекафанд ва махсусан барои истифодаи кӯдакони деҳот пешбинӣ шудаанд.

Худи ҳамон рӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ  Фестивали дуюми футболӣ доир гардида, дар он ба кӯдакони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул, Қабодиён, Шаҳритӯс, Бешкент ва Румӣ 350 дона тӯб ҳадя карда шуд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки то охири соли ҷорӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронидани боз даҳ Фестивали футболӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо ба кӯдакон тӯбҳои футболбозӣ тақдим карда мешаванд.

_DSC4085_DSC4126_DSC4119_DSC4191_DSC4274_DSC4303

Добавить комментарий