Фестивали кӯдаконаи футбол дар Кӯлоб – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали кӯдаконаи футбол дар Кӯлоб

Фестивали футбол ва тақдими тӯбҳои футболбозӣ ба кӯдакон, ки имрӯзҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, бесобиқа ва калонтарин барнома дар таърихи футболи кӯдакони кишвар мебошад. Фестивали мазкур охири ҳафтаи гузашта дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ташкилу баргузор гардонида шуд. Дар Фестивал садҳо нафар писарбачаҳову духтаракон иштирок карда, таҳти мусиқии варзишӣ малакаҳои нахустини футболиро аз худ карданд.

Дар анҷом ба ҳар як кӯдаки иштирокчии Фестивал тӯбҳои футболбозии “шевролет”-и барномаҳои “Asian Football Development Project” ва “One World Play Project”-Конфедератсияи футболи Осиё тақдим гардид. Тӯбҳои “Ultra durable balls” навъи универсалӣ буда намекафанд ва махсусан барои истифодаи кӯдакони деҳот пешбинӣ шудаанд.

Добавить комментарий