Фестивали футболи КФО (U-14): бохти наврасони тоҷик дар бозии ифтитоҳӣ аз Эрон – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футболи КФО (U-14): бохти наврасони тоҷик дар бозии ифтитоҳӣ аз Эрон

Имрӯз, 22 май, дар Академияи клуби футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё барои дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14 солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз ёфт. Дар бозии ифтитоҳӣ наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони эронии худ вориди рақобат шуданд. Бозӣ дар муқовимати баробар ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонони навраси Эрон анҷом шуд. Голҳои мунтахаби наврасони моро Исроил Холов дар дақиқаи 45 ва Байёни Акбар дар дақиқаи 58 ба самар расониданд.

Фестивали минтақавии футболии КФО (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А». даври 1-ум

ТОҶИКИСТОНЭрон – 2:3

Голҳо: Ҷавод Яри, 21 (0:1). Алиризо Асадободи, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадободи, 56 (1:3). Байёни Акбар, 58 (2:3).

Тоҷикистон: Гурез Холов, Хуршед Шарифов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Фирӯз Фузайлов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Ислом Зоиров.

Ҳангоми ивазшавӣ ба майдон баромадандФайзалӣ Ризоев, Умедҷон Хидиров, Азизбек Ҳасанов, Байёни Акбар, Субҳон Исмоилов, Масрур Қиёмиддинов, Анварҷон Ҳамидов.

ЭронСино Саидифар, Амир Мохаммад Ходакарами, Даниэл Гударзи, Хамид Бахши, Шодмехр Хошбонуколвер, Мортеза Фархани Рад, Мохаммадреза Залигдер, Алиреза Асадабади, Ҷавод Яри, Мохаммад Махбубмоджаз, Ахмадреза Джалали.

СароварМуҳаммад Ризо Муҳаммадӣ (Афғонистон).

22 май. Ҳисор. Академияи футболи  «Истиқлол». 350 тамошобинон.

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 1-ум

22 май (ҷумъа)

16.00 – Непал – Покистон

17.30 – Шри-Ланка – Ҳиндустон

 

Даври 2-юм

23 май (шанбе)

9.30 – Покистон – Афғонистон

16.00 – Эрон – Шри-Ланка

17.30 – Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

25 май (душанбе)

9.30 – Ҳиндустон – Эрон

16.00 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

17.30 – Афғонистон – Непал

 

26 май (сешанбе)

8.30 – 1 «А» – 2 «В»

9.45 – 1 «В» – 2 «А»

11.15 – 3 «А» – 3 «В»

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

Добавить комментарий