Фестивали футболи кӯдакон дар Ҳисор – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футболи кӯдакон дар Ҳисор

Дар деҳаи Лойоби ҷамоати деҳоти Алмосии Ҳисор Фестивали футболи кӯдакон баргузор гардид. Дар Фестивал кӯдакони аз 6 то 12 сола иштирок карданд.

Фестивал барои бачаҳо ба иди ҳақиқии футбол табдил ёфт. Мақсади асосӣ аз баргузории Фестивал рушду инкишофи футбол миёни кӯдакону наврасон мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби соҳибкор Баҳрулло Шарипов ба иштироксиёни Фестивал сарулибоси варзишӣ ва тӯбҳои футболбозӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий